Иштироки нозирони тоҷик дар интихоботи парлумонии Беларус

Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ва вакили палатаи поёнии парлумон Абдуназар Хисрав ба ҳайати нозирони байнулмилалии маъракаи интихоботи парлумонӣ дар Беларус шомил шудаанд. Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, онҳо дар ҳайати нозирони байнулмилалӣ аз Ассамблеия байнипарлумонии ИДМ маъракаи интихобот ба парлумони Беларусро пайгирӣ хоҳанд кард. Маъракаи интихобот […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ва вакили палатаи поёнии парлумон Абдуназар Хисрав ба ҳайати нозирони байнулмилалии маъракаи интихоботи парлумонӣ дар Беларус шомил шудаанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, онҳо дар ҳайати нозирони байнулмилалӣ аз Ассамблеия байнипарлумонии ИДМ маъракаи интихобот ба парлумони Беларусро пайгирӣ хоҳанд кард.

Маъракаи интихобот ба Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус даъвати ҳафтум 17-уми ноябри соли 2019 баргузор мешавад.

Комиссияи марказии интихоботи Беларус рӯи 31-уми октябр дар бораи номзадҳои сабтшуда ба вакилӣ маълумот нашр кард. Барои 110 курсӣ дар Палатаи намояндагон ҳамагӣ 560 нафар довталабӣ мекунанд.

Байни номзадҳо 32 вакили амалкунандаи Палатаи намояндагон ҳузур доранд. Ҳамин тариқ, ҳайати Палатаи намояндагон метавонад 71% ба таври қобили мулоҳиза нав шавад. Ғайр аз ин, 27 дарсади номзадҳои сабтшударо занон ташкил медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.