Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Швейтсария ва Фаронса рафт

Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Фаронса рафт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ӯро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи […]

Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Фаронса рафт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ӯро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Ҳукумати ҶТ хабар дод, аз эҳтимол дур нест, ки дар ҷараёни сафари худ ба Аврупо аз 4 то 12-уми ноябр раисҷумҳури Тоҷикистон аз дигар кишварҳои ин қора низ боздид кунад.

Коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки Душанбеи расмӣ ба дастгирии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар бахшҳои иқтисоду молия ва сармоягузориву амният даст ёфтанист.

Ба ақидаи аксари онҳо, сафари қарибулвуқӯъи Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо барояш осон нахоҳад буд.

“Дар Аврупо ба раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи вазъи озодии баён дар кишвар, қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ, маъракаҳои интихоботи парлумонӣ дар аввали баҳор ва президентӣ дар тирамоҳи соли 2020 суолҳои душвор хоҳанд дод”, – мегӯянд коршиносон.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов