Ҳизби демократи Тоҷикистон рӯзи баргузории анҷуманашро муайян кард

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) 15-уми декабр дар Душанбе доир мегардад. Ҳудуди 100 нафар вакилон аз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ба анҷуман интихоб мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” раиси ҲДТ Саидҷаъфар Усмонзода хабар дод.

“Охири моҳи феврал интихобот доир гардида, мо ният дорем, ки дар палатаи поёнии парлумони кишвар бо шумори 5 нафар фраксияи худро таъсис диҳем”, – изҳор дошт Усмонзода.

Ӯ қайд кард, ки тибқи рӯйхати ҳизбӣ ҲДТ на камтар аз 10 номзад ва дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ низ ҳамин шумор номзадҳоро ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон пешбарӣ карданист.

“Талаботи асосӣ ба номзадҳо аз ҲДТ ватандӯстӣ, қобилияти шунидани мушкили интихобкунандагон ва ба ҳукуматдорон расонидани он, ҳамчунин сиёсатмадоре будан аст, ки бо виҷдони пок манфиатҳои миллиро ҳимоя карда тавонад”, – гуфт раиси ҲДТ.

Миёни аҳзоби сиёсии Тоҷикистон то ҳол танҳо ҲДТ рӯзи баргузории анҷумани пешазинтихоботиро муайян кард.

Як манбаи “Азия-Плюс” дар Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи баргузории анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ даҳаи аввали моҳи декабри соли ҷорӣ муайян карда мешавад.

“Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, аввали моҳи декабр, яъне 90 рӯз пеш аз баргузории интихобот ба парлумон президенти кишвар расман санаи дақиқи онро эълон карда, то 75 рӯз пеш аз интихобот ҳизбҳои сиёсӣ уҳдадоранд, анҷуманҳои пешазинтихоботии худро гузаронанд”, – гуфт манбаъ аз ҲХДТ.

Замони дақиқи баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботиро коммунистони Тоҷикистон, Ҳизбҳои сотсиалистӣ ва Сотсиал-демократӣ, Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ то ҳол муайян накардаанд.

Тибқи қонунгузории интихоботии кишвар, 22 нафар аз 63 вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мувофиқи рӯйхати ҳизбӣ, ки дар анҷумани пешазинтихоботӣ тасдиқ шудааст, ба Маҷлиси намояндагон интихоб мешаванд. 41 вакили палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ интихоб мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...