Фурудгоҳи Душанбе 90-сола шуд: мо аз дили он боздид кардем

Парвиз Турсунзода, Asia-Plus

Имрӯз, 5-уми ноябр Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе 90-сола шуд. Мо бо шароити имрӯзаи он: таъмини бехатарӣ ва назорати парвози ҳавопаймо аз наздик шинос шудем.

Аз лиҳози мусофиркашонӣ фурудгоҳи Душанбе дар Осиёи Марказӣ зинаи 6-умро ишғол мекунад: дар як сол ин нишондод наздики 1,5 млн. нафар аст.

“Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна ба 15 хатсайр хизмат мерасонад. Дар ин самт барои мо ду омил хеле муҳим аст: аввал, амнияти парвозу мусофирон ва дуюм, хизматрасонӣ дар сатҳи баланд ба мардум”, – гуфт котиби матбуотии фурудгоҳ Ҷамила Ҳусейнова.

Давоми панҷ соли охир фурудгоҳ хеле дигаргун шуд. Дар он терминали муосир ба истифода дода шуд, ки дар як соат то ба 500 нафар мусофирон хизмат мерасонад.

Моҳи октябри соли равон дар гузаргоҳҳои назоратӣ 13 монитори ошкор кардани маводи радиатсионӣ насб шуд.

Қабл аз он – моҳи июн дар ин ҷо нуқтаи нави аэронавигатсионии танзим ва назорат (диспетчерӣ) ба кор даромад, ки манорааш 42 метр буда, аз пешина баланду калонтар аст. Ин дили фурудгоҳ аст, ки ҳамаи парвозҳо аз ҳамин ҷо назорату танзим мешавад.

“Мо соҳибони фазои Тоҷикистонем. Чизе, ки аз болои он мегузарад, мо мебинему назорат мекунем”, – мегӯяд авиадиспетчер Нодир Одилов, ки қариб 40 сол дар ин вазифа кор мекунад.

Аз фазои Тоҷикистон 45 роҳи ҳавоӣ мегузарад. Якчанд ҳавопаймо дар як вақт аз фазои он убур карда метавонанд. Ин бе таҷҳизоти муосир хатарнок аст.

“Монитори ARM Master барои назорати вазъи фазо лозим аст, – ҷойи кори худро нишон медиҳад Одилов. – Рӯйи он  мавқеи ҳавопаймоҳо дар фазо инъикос мешавад. Айни замон шумо дида метавонед, ки ҳавопаймои Қазоқистон фуруд меояд. Он аз Файзобод гузашта, ба самти фурудгоҳи Душанбе равона аст”.

“Мо як нуқтаи ба истилоҳ ВАДЕР дорем – он дар 200 километрии шимолу шарқи Душанбе, дар ҷоест, ки он сарҳади фазоии қабулу гусели ҳавопаймо барои диспетчерҳои Тоҷикистону Қирғизистон мебошад, – иброз медорад Одилов. – Ана аз ҳамин ҳудуд диспетчери мо то ба замин нишастани ҳавопаймо идораи парвози онро зери назорат мегирад. Агар бо ягон сабаб, масалан, банд будани хати нишаст ягон ҳавопаймо фуруд омада натавонад, барои ин мо минтақаҳои интизорӣ дорем, ки бо дастури диспетчер ҳавопаймои дигар то вақти таъиншуда ба он ҷо фиристода мешавад. Аммо диспетчерҳо кӯшиш мекунанд, ки ҳавопайморо ба он минтақа нафиристода, хати фуруду парвозро пешакӣ озод кунанд”.

Бо фарорасии фасли зимистон ҳаҷми кори диспетчерҳо бамаротиб меафзояд. Лекин маҳз дар ҳамон лаҳзаҳо, ки мавсими дӯстдоштаи онҳост, муҳим будани кори худро эҳсос мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...