Путин тағйироти созишномаи сӯзишворӣ бо Тоҷикистонро пазируфт

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қонуни федералӣ “Дар бораи тасдиқи Протокол оид ба ворид кардани тағйирот ба Созишнома байни ҳукумати Русия ва ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2013” рӯзи 4-уми ноябр аз ҷониби Владимир Путин имзо шуд. Дар ин бора торнамои расмии Кремл хабар медиҳад.

Қонуни мазкур рӯзи 17-уми октябр дар Думаи давлатӣ пазируфтаву 23-юми октябри ҳамин сол аз ҷониби Шӯрои Федератсия маъқул дониста шуд.

Мувофиқи тағйирот ба созишнома, Тоҷикистон уҳдадор мешавад, ҳамасола то 5-уми сентябр ҳаҷми маҳсулоти нафтии дархостиро муайян сохта, ба Русия пешниҳод кунад, то он дар соли оянда аз пардохти боҷи гумрукӣ озод шавад.

Мақомоти салоҳиятдори ду кишвар то 1-уми октябр ҳаҷми истифодаи дохилиро дар Тоҷикистон барои соли минбаъда мувофиқа карда, тавозунҳои индикативиро ба имзо мерасонанд.

Ба ҷуз ин, ҳамасола то 15-уми ноябр ҷониби Русия бояд дар бораи иҷрои тавозунҳои индикативӣ дар 9 моҳ ва амалисозии нақшавии онҳо дар соли ҷорӣ маълумот гирад.

Ҳаҷми маҳсулоти нафтии бе боҷ барои соли ҷорӣ то 20-уми август бо назардошти истеъмоли дохилӣ дар қаламрави Тоҷикистон тағйир ёфта метавонад.

Қобили зикр аст, ки бар асоси созишномаи соли 2013 баимзорасида, Тоҷикистон маҳсулот нафтии Русияро бидуни боҷ дастрас мекунад.

То ин дам Тоҷикистон муддати се сол бо назардошти боҷҳои гумрукӣ аз Русия маҳсулоти нафтӣ ворид мекард, ки ба нархи чаканаи он дар бозори дохилии ҷумҳурӣ таъсир мерасонд.

Моҳи майи соли 2010 Русия барои кишҳварҳое, ки он замон шомили Иттиҳоди гумрукӣ набуданд, боҷи содиротӣ ҷорӣ кард. Қаблан Тоҷикистон бо меъёри сифр аз Русия маҳсулоти нафтӣ мегирифт.

Пас аз гуфтушунидҳои сесола ба Тоҷикистон муяссар шуд, ки воридоти бе боҷи сӯзишворӣ аз Русияро барқарор кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...