Тоҷикистону Ӯзбекистон сарҳади умумиро муайян карданд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо вуҷуди мувофиқаи шифоҳии қитъаҳои баҳсии сарҳади ду кишвар, ки моҳи марти соли 2018 зимни сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ҳосил шуда буд, дар ин бора то ҳол санади ниҳоӣ ба имзо нарасидааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, баъд аз сафари давлатии Мирзиёев ба Душанбе гурӯҳҳои кории иборат аз геодезистону харитасозон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистону Ӯзбекистон ба анҷоми расмиёти ҳуҷҷатии шартнома дар бораи таъйин ва аломатгузории сарҳад оғоз карданд.

“То имрӯз лоиҳаи шартномаи мувофиқашуда дар бораи сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон барои имзо омода буда, ба он харитаҳо бо ишораи дақиқи хати сарҳади кишварҳо замима шудааст. Ба ҷуз ин, ҷойҳои гузоштани сутунпояҳои сарҳадӣ байни кишварҳо низ мувофиқа шудаанд”, – гуфт манбаъ.

Имзои шартнома аз ҷониби сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масоили марзӣ дар назар аст, ки баргузории он то охири соли равон дар Душанбе пешбинӣ шудааст.

“Бо назардошти он, ки 22-юми декабри соли 2019 дар Ӯзбекистон интихоботи парлумонӣ доир мегардад, ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ эҳтимол дар моҳи январ ё феврали соли 2020 гузаронида шавад”, – афзуд манбаъ. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...