Эмомалӣ Раҳмон дар Порис бо Оғохони IV мулоқот кард

Asia-Plus

Дар доираи сафари расмӣ ба Фаронса раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Порис бо Шоҳзода Карим Оғохони IV мулоқот кард.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо “Ташкилоти Оғохон оид ба рушд” баррасӣ шуд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу муҳтавои ҳамкории воқеии миёни Тоҷикистон ва ташкилотҳои шабакавии Хазинаи Оғохон оид ба рушд изҳори қаноатмандӣ кард.

Зимнан омодагии ҷонибҳо баҳри рушду густариши минбаъдаи робитаҳо, татбиқи лоиҳаҳо, ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, кишоварзӣ, сохтмон, рушди деҳот, маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, ҳифзи муҳити зист ва андешидани тадбирҳо дар самти рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ изҳор шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили робитаҳои дуҷониба дар самти татбиқи барномаҳои давлатию стратегӣ, ба монанди расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтмони пулҳо ва таъсиси бозорҳои байнимарзӣ дар манотиқи наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон, саҳми Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ барои рушди соҳаи маориф баррасӣ гардид.

Зикр мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Порис ҳамчунин бо намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва ҳунари тоҷик дар Фаронса мулоқот кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...