Эмомалӣ Раҳмон дар Порис бо Оғохони IV мулоқот кард

Дар доираи сафари расмӣ ба Фаронса раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Порис бо Шоҳзода Карим Оғохони IV мулоқот кард. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо “Ташкилоти Оғохон оид ба рушд” баррасӣ шуд. Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу муҳтавои ҳамкории воқеии миёни Тоҷикистон ва ташкилотҳои шабакавии Хазинаи Оғохон […]

Дар доираи сафари расмӣ ба Фаронса раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Порис бо Шоҳзода Карим Оғохони IV мулоқот кард.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо “Ташкилоти Оғохон оид ба рушд” баррасӣ шуд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу муҳтавои ҳамкории воқеии миёни Тоҷикистон ва ташкилотҳои шабакавии Хазинаи Оғохон оид ба рушд изҳори қаноатмандӣ кард.

Зимнан омодагии ҷонибҳо баҳри рушду густариши минбаъдаи робитаҳо, татбиқи лоиҳаҳо, ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, кишоварзӣ, сохтмон, рушди деҳот, маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, ҳифзи муҳити зист ва андешидани тадбирҳо дар самти рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ изҳор шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили робитаҳои дуҷониба дар самти татбиқи барномаҳои давлатию стратегӣ, ба монанди расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтмони пулҳо ва таъсиси бозорҳои байнимарзӣ дар манотиқи наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон, саҳми Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ барои рушди соҳаи маориф баррасӣ гардид.

Зикр мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Порис ҳамчунин бо намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва ҳунари тоҷик дар Фаронса мулоқот кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.