Баррасии масоили ҳамкорӣ дар вохӯрии Қоҳир Расулзода бо валиаҳди Кувайт

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт ҳамчунин бо раиси Шӯрои вазирон ва парлумони ин кишвар дидору гуфтушунид кард.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ медиҳад, шоми 11-уми ноябр пас аз маросими истиқболи расмӣ мулоқоти сарвазири кишвар бо валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Нувоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ баргузор шуд.

“Зимни мулоқот масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саёҳат, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд. Қоҳир Расулзода аз валиаҳди Давлати Кувайт ҷиҳати боздиди расмӣ аз Тоҷикистон даъват кард”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, Қоҳир Расулзода ҳамчунин бо раиси Шӯрои Вазирони Давлати Кувайт Шайх Ҷобир ал-Муборак ал-Ҳамад ас-Сабоҳ дидору гуфтушунид кард. Зимнан вазъи кунунӣ, дурнамо ва роҳҳои густариши ҳамкориҳо байни ду кишвари дӯст баррасӣ шуд.

Худи ҳамин рӯз вохӯрии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси Маҷлиси миллии Давлати Кувайт Марзуқ Алӣ Муҳаммад Сунён ал-Ғоним доир гардид.

“Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, густариш ва тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ миёни ду кишварро баррасӣ ва аз сатҳи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карданд. Инчунин зарурати табодули сафарҳои байнипарлумонӣ ҷиҳати табодули таҷриба, таҳким ва густариши ҳамкориҳо таъкид гардид”, – қайд мешавад дар маълумоти ВКХ Тоҷикистон.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.