Иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон дар Ҳамоиши сулҳи Порис

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12-уми ноябр дар Ҳамоиши сулҳи Порис, ки дар мавзеи Ла-Виллет баргузор гардид, ширкат варзид. Раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ӯ ва сарони кишварҳои дигари иштирокдори ҳамоишро истиқбол гирифт. Дар ҳамоиши навбатӣ беш аз 30 роҳбари давлату ҳукуматҳо аз кишварҳои Аврупову Амрико ва Осиёву Африқо, сарварони созмонҳои байнулмилалӣ ва намояндагони воломақоми кишварҳои дунё ширкат варзиданд, […]

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12-уми ноябр дар Ҳамоиши сулҳи Порис, ки дар мавзеи Ла-Виллет баргузор гардид, ширкат варзид.

Раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ӯ ва сарони кишварҳои дигари иштирокдори ҳамоишро истиқбол гирифт. Дар ҳамоиши навбатӣ беш аз 30 роҳбари давлату ҳукуматҳо аз кишварҳои Аврупову Амрико ва Осиёву Африқо, сарварони созмонҳои байнулмилалӣ ва намояндагони воломақоми кишварҳои дунё ширкат варзиданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти ҶТ.

Иштирокчиён роҷеъ ба масъалаҳои мубрами рӯз ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли коҳиши ташаннуҷи байнулмилалӣ ва таҳкими сулҳу шукуфоӣ, аз қабили идоракунии глобалӣ, мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳалли мушкилоти фаромарзӣ, мудирияти муштараки иншооти мероси умумиҷаҳонӣ, танзими байналхалқии соҳаи киберӣ, муқовимат ба қаллобии иттилоотӣ ва дигар мавзӯъҳо табодули андеша карданд.

Ҳамасола дар он лоиҳаҳо ва консепсияву ташаббусҳо муаррифӣ мешаванд, ки ба таъмини ҳамкориҳои густурдаи байнулмилалӣ оид ба масоили глобалӣ, рушди ҷаҳонишавии одилона ва низоми муассиртари бисёрҷониба равона шудаанд.

Кори Ҳамоиши сулҳи Порис дар соҳаҳои гуногун 6 бахши мавзӯии сулҳ ва амният, муҳити зист, рушд, технологияҳои нав, иқтисоди иклюзивӣ, фарҳанг ва маорифро дар бар гирифта, 150 лоиҳаи пешниҳодшуда баррасӣ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар доираи чорабинӣ бо президенти Ҳамоиши сулҳи Порис, сарвари фахрии пажӯҳишгоҳи таҳқиқотии “Аврупои мо” ҷаноби Паскал Ламӣ, раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Кипр Никос Анастасиадес, президенти Комиссияи Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйн мулоқот кард.

Дар мулоқот масоили марбут ба таъмини сулҳу амният, ҳифзи муҳити зист, рушди соҳаҳои гуногуни манфиатовар, муносибатҳои ҳамкорӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуданд.

Қобили зикр аст, ки Ҳамоиши сулҳи Порис иттиҳодияи мустақил ва ғайритиҷоратӣ мебошад. Он ҳамчун платформаи ҷаҳонии муҳокимарониҳои сатҳи баланд тариқи пешбурди муколамаи мустақим миёни шахсони расмӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.