Баррасии масоили ҳамкорӣ дар вохӯрии Қоҳир Расулзода бо валиаҳди Кувайт

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт ҳамчунин бо раиси Шӯрои вазирон ва парлумони ин кишвар дидору гуфтушунид кард. Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ медиҳад, шоми 11-уми ноябр пас аз маросими истиқболи расмӣ мулоқоти сарвазири кишвар бо валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Нувоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ баргузор шуд. “Зимни мулоқот масоили ҳамкорӣ […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт ҳамчунин бо раиси Шӯрои вазирон ва парлумони ин кишвар дидору гуфтушунид кард.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ медиҳад, шоми 11-уми ноябр пас аз маросими истиқболи расмӣ мулоқоти сарвазири кишвар бо валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Нувоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ баргузор шуд.

“Зимни мулоқот масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саёҳат, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд. Қоҳир Расулзода аз валиаҳди Давлати Кувайт ҷиҳати боздиди расмӣ аз Тоҷикистон даъват кард”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, Қоҳир Расулзода ҳамчунин бо раиси Шӯрои Вазирони Давлати Кувайт Шайх Ҷобир ал-Муборак ал-Ҳамад ас-Сабоҳ дидору гуфтушунид кард. Зимнан вазъи кунунӣ, дурнамо ва роҳҳои густариши ҳамкориҳо байни ду кишвари дӯст баррасӣ шуд.

Худи ҳамин рӯз вохӯрии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси Маҷлиси миллии Давлати Кувайт Марзуқ Алӣ Муҳаммад Сунён ал-Ғоним доир гардид.

“Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, густариш ва тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ миёни ду кишварро баррасӣ ва аз сатҳи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карданд. Инчунин зарурати табодули сафарҳои байнипарлумонӣ ҷиҳати табодули таҷриба, таҳким ва густариши ҳамкориҳо таъкид гардид”, – қайд мешавад дар маълумоти ВКХ Тоҷикистон.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.