“Шоҳзодаи хурд”-и театри Конибодом ба Душанбе меояд

Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозилова дар ҳамдастӣ бо Театр-студияи “Шамс ва Қамар”-и Ӯзбекистон намоиши “Шоҳзодаи хурд”-ро аз рӯйи асари Антуан де Сент-Экзюпери ба саҳна гузоштааст. Нахустнамоиши “Шоҳзодаи хурд” дар толори Театри Аҳоруни шаҳри Душанбе рӯзи 17-уми ноябр доир мешавад. Дар ин бора ба Asia-Plus ҳунарпешаи театри Конибодом Фарҳод Ғаффорпур хабар дод. “Намоишномаи […]

Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозилова дар ҳамдастӣ бо Театр-студияи “Шамс ва Қамар”-и Ӯзбекистон намоиши “Шоҳзодаи хурд”-ро аз рӯйи асари Антуан де Сент-Экзюпери ба саҳна гузоштааст.

Нахустнамоиши “Шоҳзодаи хурд” дар толори Театри Аҳоруни шаҳри Душанбе рӯзи 17-уми ноябр доир мешавад. Дар ин бора ба Asia-Plus ҳунарпешаи театри Конибодом Фарҳод Ғаффорпур хабар дод.

“Намоишномаи "Шоҳзодаи хурд" бо дастгирии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон таҳти лоиҳаи "Театре дар шаҳр ва шаҳре дар театр" таҳия гардидааст. Он дар доираи ҳамкории ду театр рӯйи кор омада, бо иштироки ду бозигар ба саҳна гузошта шудааст. Дар ҳар ду театр ба як шаклу ду забон – тоҷикию русӣ ва ӯзбекию русӣ намоиш дода мешавад”, – афзуд ҳунарманд.

Муаллифи идея роҳбари бадеии Театр-студияи “Шамс ва Қамар”, мунаққиди театр Қамариддин Ортиқов ва коргардони он Ҷамшед Валиев аз театри “Шамс ва Қамар” мебошанд.

Дар намоиши "Шоҳзодаи хурд"-и театри Конибодом нақшҳоро Ғайрат Қодиров ва Фарҳод Ғаффорпур иҷро мекунанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.