Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Шарики ин бахш – қаҳвахонаи "Мазза". Қаҳваи бепул ба ҳар касе, ки дар ин қаҳвахона аз соати 7 то 10 субҳона мехӯрад! АНОНС – Ҳайати ҳунарии Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон ба ноҳияи Данғара сафар карда, барои сокинон ва меҳмонони он барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод мекунанд; – Дар Иттифоқи рассомони Тоҷикистон намоишгоҳи рассоми маъруф ва узви Иттифоқи рассомони Русия […]

Шарики ин бахш – қаҳвахонаи "Мазза". Қаҳваи бепул ба ҳар касе, ки дар ин қаҳвахона аз соати 7 то 10 субҳона мехӯрад!

АНОНС

– Ҳайати ҳунарии Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон ба ноҳияи Данғара сафар карда, барои сокинон ва меҳмонони он барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод мекунанд;

– Дар Иттифоқи рассомони Тоҷикистон намоишгоҳи рассоми маъруф ва узви Иттифоқи рассомони Русия ИринаДмитриева-Ванн ҷараён дорад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6959 сомонӣ;

1 евро – 10.6829 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1513 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1932 – Дар Тоҷикистон обсерваторияи астрономӣ кушода шуд.

2010 — Дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон доир гардида, аз рӯи натиҷаҳои он дар бораи таъсиси 5 корхонаи муштараки Тоҷикистону Эрон созишномаҳо ба имзо расиданд.

1896 – Зодрӯзи муборизи барқарор намудани ҳокимияти Шӯравӣ дар Осиёи Миёна, Комиссари халқии корҳои дохилии ҶМШС Тоҷикистон (солҳои 1924-1926) Абдулло Ёрмуҳаммедов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тайирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона 12+17° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 хунук, рӯзона 6+11° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони суст борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 13+18 гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4, рӯзона 9+14° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона -4+1°, рӯзона 10+15° гарм, дар шарқи вилоят шабона 13-18° хунук, рӯзона -3+2° мешавад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -5-10, рӯзона -2+3; дар шарқ шабона -15-20, рӯзона -3-8.

Дар НТМ  — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 13+18° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2°, рӯзона 11+16° гарм мешавад.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +7+9.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3°, рӯзона 15+17° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тайирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2° хунук, рӯзона 13+15° гарм мешавад..

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҳолатҳо борони суст меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4 гарм, рӯзона 15+17° гарм мешавад..

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +10+12.   

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2° хунук, рӯзона 12+14° гарм мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.