Камбизоатӣ ва бекорӣ. БҶ оид ба хавфи шиддати вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон

Имкони маҳдуди корёбӣ ва сатҳи баланди камбизоатӣ дар деҳот хавфи шиддати вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистонро ба вуҷуд меоранд. Марбут ба ин дар Арзёбии хавфу устуворӣ ба омилҳои беруна дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) гузаронида шудааст, маълумот дода мешавад. Ҳамчунин таҳлилгарони бонк хавфҳои марбут ба бехатарӣ бо назардошти сарҳади умумӣ бо Афғонистон (1400 […]

Имкони маҳдуди корёбӣ ва сатҳи баланди камбизоатӣ дар деҳот хавфи шиддати вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистонро ба вуҷуд меоранд. Марбут ба ин дар Арзёбии хавфу устуворӣ ба омилҳои беруна дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) гузаронида шудааст, маълумот дода мешавад.

Ҳамчунин таҳлилгарони бонк хавфҳои марбут ба бехатарӣ бо назардошти сарҳади умумӣ бо Афғонистон (1400 км) ва хавфҳои иҷтимоии вобаста ба сатҳи пасти хизматрасонӣ дар деҳотро қайд мекунанд.

Бино ба маълумоти сомонаи Бонки ҷаҳонӣ, айни замон стратегияи марбут ба осебпазирӣ, низоъ ва хушунат таҳия мешавад.

Дар ин стратегияи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ маблағгузории бесобиқа барои ҳалли мушкилоти мазкур пешбинӣ мешавад. Яке аз воситаҳои маблағгузорӣ Барномаи “Реҷаи коҳиши хатарҳо” мебошад.

Зикр мешавад, ки Тоҷикистон дар қатори Гвинея, Непал ва Нигер дар доираи ҳамин барнома 100 млн. доллар маблағгузорӣ шудааст.

Аз ҳисоби ҳамин маблағҳо се лоиҳа – Беҳбуди усутувории иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, Рушди иқтисоди деҳот ва Таъмини барқи деҳот амалӣ мешаванд, ки дар якҷоягӣ Барномаи баланд бардоштани устуворӣ ба омилҳои беруна дар Тоҷикистон унвон доранд.

Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дар коҳиши хатарҳои вобаста ба осебпазирӣ тариқи таҳкими имконоти ниҳодҳои маҳаллӣ, пешбурди  муколама бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди хизматрасонии фарогир барои ҷавонон, дастгирии таъмини сарчашмаҳои даромад барои рӯзгор, ҳамчунин фароҳамсозии имконоти нави иқтисодӣ дар бахшҳои сайёҳӣ ва тиҷорати маҳсулоти кишоварзӣ дар сатҳи ҷамоатҳо кумак мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.