Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Asia-Plus

Шарики ин бахш – қаҳвахонаи "Мазза". Қаҳваи бепул ба ҳар касе, ки дар ин қаҳвахона аз соати 7 то 10 субҳона мехӯрад!

АНОНС

– Дар меҳмонхонаи "Ҳаятт Риҷенси Душанбе" тренинги дурӯза таҳти унвони "Рушди идораи муассири маҳбасҳо ва роҳандозии барномаҳои офиятбахшӣ дар муассисаҳои маҳрумият аз озодӣ" оғоз мешавад. Он аз ҷониби Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ ва Ислоҳоти байнулмилалии маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ (PRI) созмон дода мешавад. Матлаби моро дар бораи "Нахустин анҷумани Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушди низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ", ки дирӯз дар Душанбе доир шуд, бо ин суроға дарёфт карда метавонед.

– Дар Душанбе Ҳафтаи таҳсилоти байнулмилалӣ ҷараён дорад. Дар доираи ин чорабиӣ муассисаҳои таҳсилотӣ хоҳишмандонро бо барнома ва имкону шароитҳои таҳсил дар хориҷи кишвар шинос мекунанд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6956 сомонӣ;

1 евро – 10.7224 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1512 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи умумиҷаҳонии телевизион.

Ҳамчунин имрӯз дар саросари ҷаҳон Рӯзи даст кашидан аз истеъмолу тамоку ҷашн гирифта мешавад. Имсол ин рӯз 21 ноябр аст. Қуттиҳои сигарети худро партоед!

Ва дар хотир дошта бошед – истеъмолу тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар кишвари мо манъ аст.

1942 – Ифтитоҳи корхонаи коркарди нахи пахтаи Қистакӯз (феълан дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд).

1925-2001 – Зодрӯзи актёри театру кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Маҳмуд Тоҳирӣ.

1938 – Мавлуди адабиётшинос Юсуф Акбарзода.

1951 – Зодрӯзи рӯзноманигор Шогунӣ Назриев.

1952 – Мавлуди нависандаи ҳаҷву зарофатгӯ Наҷмиддини Шоҳинбод.

1965 – Зодрӯзи олим Бозоралӣ Одинаев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо борон ( шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000м барф) меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 6+11 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1°, рӯзона 3+8° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида борон борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3+8° гарм, рӯзона 10+15 гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 3+8° гарм, рӯзона 8+13° гарм мешавад.

Дар ВМКБ —  Ҳавои абрнок, боришот (борон, барф), дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бшиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона -3+2° , рӯзона 7+12° гарм, дар шарқи вилоят шабона 8-13 хунук, рӯзона -4+1° мешавад.

Дар НТМ  — Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо борон (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000м барф), дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 10+15° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3°, рӯзона 7+12° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 4+6° гарм, рӯзона 12+14° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5° гарм, рӯзона 8+10° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 5+7 гарм, рӯзона 12+14° гарм мешавад.   

Дар шаҳри Хоруғ —   Ҳавои абрнок, боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2° гарм, рӯзона 9+11° гарм мешавад..

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...