Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи 11 сафири навтаъинро қабул кард

Имрӯз 20-уми ноябр дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон аз 11 сафири навтаъиншудаи кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул намуд. Эътимодномаҳои худро сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон Андреас Протманн, Япония Такаюки Мияшита, Украина Василий Серватюк, Шоҳигарии Нидерландия Андре Карстенс, Ҷумҳурии Португалия Паулу Жоао Лопеш ду Регу Визеу Пинейр, Ҷумҳурии Литва Гинтаутас Васиулис, Ҷумҳурии Кипр Андреас Зинонос, […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Имрӯз 20-уми ноябр дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон аз 11 сафири навтаъиншудаи кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул намуд.

Эътимодномаҳои худро сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон Андреас Протманн, Япония Такаюки Мияшита, Украина Василий Серватюк, Шоҳигарии Нидерландия Андре Карстенс, Ҷумҳурии Португалия Паулу Жоао Лопеш ду Регу Визеу Пинейр, Ҷумҳурии Литва Гинтаутас Васиулис, Ҷумҳурии Кипр Андреас Зинонос, Шоҳигарии Таиланд Русс Ҷаличандра, Шоҳигарии Баҳрайн Муҳаммад Иброҳим Муҳаммад Абдулқодир, Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Гузал Азам Саркор ва Ҷумҳурии Нигер хонум Салоу Адама Газибо ба раисҷумҳури Тоҷикистон бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш супориданд.

Сарвари давлат таъкид дошт, ки таъмини ҳамаҷонибаи шароити ҳарчи бештар мусоид барои ҳаллу фасли вазифаҳои бузургмиқёси иҷтимоиву иқтисодӣ ба манзури бомаром баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандони кишвар дар сархати афзалиятҳои калидии сиёсати хориҷии давлати мо қарор дорад.

Инчунин президент оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, ҳавзаи минтақаи назди Балтика, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, кишварҳои олами араб ва ислом ва қитъаи Африка, андешаронӣ карда, изҳори умед намуд, ки сафирони фавқулодда ва мухтори навтаъйиншуда бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаи худро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки давлатҳо ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон равона месозанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.