“Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” парвозҳоро ба Деҳлӣ барқарор мекунанд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” парвозҳояшро бо хатсайри Душанбе – Деҳлӣ – Душанбе барқарор кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти ҶСК “Тоҷик Эйр” хабар доданд, парвоз субҳи имрӯз аз Душанбе ба Деҳлӣ сурат пазируфта, ин шом ҳавопаймо ба Душанбе бозмеояд.

Ба иттилои манбаъ, парвозҳо тариқи ин хатсайр алҳол як маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои сешанбе анҷом дода мешаванд.

Ба ҷуз самти Деҳлӣ, ширкати миллии ҳавопаймоӣ айни замон ҳамарӯза ба шаҳри Маскав низ парвоз анҷом медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки охири соли гузашта ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” бинобар сабаби мушкили молиявӣ парвозҳои худро ба ҳама самтҳо, аз ҷумла, бо хатсайри Душанбе – Деҳлӣ – Душанбе қатъ карда буд.

Дар ҳамин ҳол, аз 1-уми декабри соли равон дигар ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон – “Сомон Эйр” низ парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе – Деҳлӣ – Душанбе оғоз мекунад.

Парвозҳои мунтазами ширкати мазкур тариқи ин хатсайр ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои чоршанбе ва якшанбе доир мешаванд.

“Ҳамаи парвозҳо бо ҳавопаймои тамғаи Боинг 737 сурат мепазиранд”, – иттилоъ медиҳад торнамои “Сомон Эйр”.

Дар маълумот қайд мешавад, ки айни замон “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад. Парки техникии ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900, ҳамчунин чархболи Airbus H125 иборат аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...