Cоли 2020 воридоти андозҳо ба буҷет 10% зиёд мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукуматдорони Тоҷикистон ният доранд, ки маблағи воридоти андозҳо ба буҷети давлатиро дар соли оянда қариб 10% зиёд кунанд.

Дар қонуни аз ҷониби парлумон қабулшуда “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020” иҷрои нақшаи даромадҳо аз ҳисоби воридоти андозҳо дар ҳаҷми 17,9 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки аз буҷети имсола 1,6 млрд. сомонӣ бештар аст.

Воридоти андозҳо дар соли оянда ҳудуди 70%-и қисмати даромади буҷети давлатиро (26,1 млрд. сомонӣ) ташкил хоҳад дод.

Дар соли 2020 афзоиши ҳаҷми воридоти андозҳо нисбат ба соли ҷорӣ аз ҳисоби баланд кардани ҷамъоварии андоз аз арзиши иловашуда (512 млн. сомонӣ зиёдтар), андоз аз фоида (232 млн. сомонӣ бештар) ва андоз аз даромад (230 млн. сомонӣ зиёдтар) пешбинӣ шудааст.

Ҳанӯз аввали соли равон зикр гардида буд, ки давоми солҳои 2019-2021 ҳукумат ҳамасола даромад ба буҷетро аз ҳисоби воридоти андозҳо ба ҳисоби миёна 10% зиёд карданист.

Дар сохторҳои марбута мегӯянд, афзоиши воридоти маблағ ба буҷет аз ҳисоби андозҳо бо роҳи табиӣ сурат мегирад: соҳибкорон ва корхонаҳои нав ба фаъолият оғоз мекунанд, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад, иқтисод рушд мекунад ва мутаносибан сарчашмаҳои нави андозбандӣ пайдо шуда, воридоти маблағ аз андоз низ меафзояд.

Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки афзоиш аз ҳисоби зиёд кардани сарбории андоз ба намояндагони тиҷорат сурат мепазирад.

“Барои расидан ба нишондиҳандаҳои аз ҷониби ҳукумат муқарраршуда, мақомоти андози мо меъёрҳои андозбандиро дар ҷойҳои ҳанӯз имконпазир ва дар навбати аввал нисбат ба тиҷорат зиёд мекунанд”, – гуфт ба “Азия-Плюс” як иқтисодшинос, ки нахост ному насабаш ифшо шавад.

Қобили зикр аст, ки охири моҳи октябр Кумитаи андоз ба вазорату идораҳои дахлдор мактуб ирсол кард, ки дар он сарчашмаҳои нави пур кардани буҷет аз ҳисоби пардохти андоз пешниҳод мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...