Як ноболиғи 14-сола ҳамроҳи ҷавони шиносаш дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иттиҳоми дуздии телефону ҷавоҳирот дастгир шудааст.
Марди 38-сола ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ ариза навиштааст, ки шаби 25 ба 26-уми ноябр шахсони номаълум ба хонаи истиқоматиаш пинҳонӣ даромада, аз он ҷо 1 телефони мобилии тамғаи “Самсунг” ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Маблағи умумии зарар 70000 сомониро ташкил додааст.
Тибқи иттилои ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ кормандони милитсия як ноболиғи 14-сола ва ҷавони 19-соларо, ки ҳар ду сокинони ҳамин ноҳия мебошанд, бо гумони дуздӣ боздошт кардаанд.
Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


