Гунаҳкори ҳодисаи зери тепловоз мондани духтар авф шуд

Мадина Почоева, махсус барои для Asia-Plus

Бар асоси таъиноти суди шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ёвари ронанда (машинист) Азамат Самиҷонов, ки дар ҳодисаи зери чархи тепловоз мондани Аниса Насимзодаи 13-сола гунаҳкор дониста мешуд, тибқи қонуни авф озод карда шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” ёвари прокурори прокуратураи нақлиёти вилоят Фаридун Қурбонзода хабар дод.

Моҳи сентябри соли равон прокуратураи нақлиёти вилояти Суғд нисбат ба сокини 32-солаи шаҳри Ғафуров Азамат Самиҷонов мутобиқи моддаи 211 қисми 1-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат ва истифодаи нақлиёти роҳи оҳан,  ҳавоӣ ё обӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард.

Он замон зикр гардида буд, ки айбдоршаванда ҳангоми ҳаракати тепловоз мебоист қисмати рости роҳи оҳанро бодиққат аз назар гузаронида, бехатарии ҳаракати нақлиётро таъмин мекард, лекин ӯ ин корро накард.

Ба гуфтаи Қурбонзода, аз рӯйи маводи парванда прокуратура гунаҳкории ёвари ронандаро исбот ва парвандаро ҷиҳати баррасии минаъда ба суд фиристод.

Мувофиқи Кодекси ҷиноятии ҶТ, ин амал бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 2 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то 2 сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Азамат Саидҷонов бар асоси таъиноти суди шаҳри Бӯстон тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуд. Ӯ ба ҳайси ёвар (машинист) дар вазифаи пешинааш ба кор идома медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки хонандаи синфи 7-и гимназияи №2-и шаҳри Бӯстон Аниса Насимзода рӯзи 28-уми август зери чархи тепловоз монда буд. Рӯзи ҳодиса Аниса таъҷилан ҷарроҳӣ шуда, пойи чап ва қисмате аз дасташро буриданд. Айни замон ӯ аз бемористон баромадаву дар манзилаш бо аҳли оила аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...