Бонкҳои Тоҷикистон ба киҳо қарз медиҳанд?

Маблағи умумии сармояи қарзии низоми бонкӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд дар соҳаҳои асосии иқтисоди Тоҷикистон ба ҳолати 1 октябри соли равон беш аз 9,2 млрд. сомониро ташкил додааст. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 597 млн. сомонӣ ё худ 6,9% зиёд мебошад. Тибқи маълумоти фаврии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), дар сохтори қарзҳо 24% ба корхонаҳои давлатӣ рост […]

Маблағи умумии сармояи қарзии низоми бонкӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд дар соҳаҳои асосии иқтисоди Тоҷикистон ба ҳолати 1 октябри соли равон беш аз 9,2 млрд. сомониро ташкил додааст.

Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 597 млн. сомонӣ ё худ 6,9% зиёд мебошад.

Тибқи маълумоти фаврии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), дар сохтори қарзҳо 24% ба корхонаҳои давлатӣ рост меояд. Ин корхонаҳо айни замон дар ҳаҷми зиёда аз 2,2 млрд. сомонӣ қарзҳоро аз худ мекунанд.

Вазни қиёсии корхонаҳои хусусии тиҷоратӣ дар сандуқи қарз 24,8% ва корхонаҳои кишоварзӣ 4,7%-ро ташкил медиҳад.

Ба ҳиссаи шахсони алоҳида – 23,5% ва соҳибкорон – 19,9% рост омада, боз 3,1%-и қарзҳо зери мафҳуми “дигарҳо” зикр шудааст.

Дар сохтори қарзҳо беш аз 3,7 млрд. сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат ва наздики 5,5 млрд. сомонӣ дарозмуддат мебошанд.

Қарзҳо бо пули миллӣ дар ҳаҷми 4,7 млрд. сомонӣ ва асъори хориҷӣ ба маблағи зиёда аз 4,5 млрд. сомонӣ дода шудаанд.

Бино ба маълумоти БМТ, ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол (батаъхирафтода) дар ҳаҷми умумӣ 26% ва шумори қарздорон 465 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки қарзҳои ғайрифаъол сабабгори аслии буҳрони бонкӣ дар ҷумҳурӣ шуморида мешаванд.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли ҷорӣ дар вохӯрӣ бо дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар изҳор дошт, ки дар баъзе мавридҳо масъулини бонкҳо ба азонихудкунии маблағҳои пулӣ даст зада, ба шахсони наздики худ бидуни таъмини гарав ва ғайриқонунӣ қарзҳои бонкӣ додаанд.

Сарвари давлат таъкид дошта буд, ки дар аксари мавридҳо шахсони қарзгиранда аз беназоратӣ ва бепарвоии комиссияи нархгузорӣ ва масъулони бонк истифода карда, амволи ночизро бо мақсади минбаъд ба пул табдил додан бо нархи гарон ба гарав мондаанд.

Ба гуфтаи ӯ, ба сифати гарав амволе қабул шудааст, ки арзиши аслии он ба таври сунъӣ аз арзиши бозорӣ чандин баробар баланд нархгузорӣ шудааст.

Ин ҳолат ба фурӯши саривақтии амволи гарав монеа гардида, минбаъд барои мушкилситон шудани қарз замина гузоштааст”, – изҳор дошт он замон раисҷумҳур.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.