Толибилмони тоҷикистонӣ ғолиби озмуни байнулмилалӣ шуданд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Хоруғи ВМКБ дар озмуни байнулмилалии “Арифметикаи зеҳнӣ – 2019” дар Гурҷистон пирӯз гардиданд.

“Тоҷикистонро дар ин олимпиада 7 нафар хонандагони мактабҳои Бадахшон муаррифӣ карда, ҳамаи онҳо ҷойҳои намоёнро соҳиб шуданд”, – гуфт ба Asia-Plus корманди Раёсати маорифи ВМКБ Панҷшанбе Назаршоев.  

Аз байни онҳо Зуҳро Алифбекова, хонандаи мактаби №7-и шаҳри Хоруғ сазовори унвони Қаҳрамони мутлақ (Суперчемпион) гардида, ҳамчунин Аниса Имомбердиева, толибилми синфи 7-и литсеи Оғохон ва Шоҳғиёс Маҳмадризохонов, хонандаи синфи 6-и мактаби президентӣ унвони Қаҳрамон (Чемпион)-ро ба даст оварданд.

Ҷойи аввалро муҳассилини литсеи Оғохон – Хайрилобек Абдуламиров (синфи 6) ва Зуҳро Элназарова (синфи 4) соҳиб шуданд.

Доварони озмун ба Абдулназар Мавлоназаров, хонандаи синфи 4-и мактаби президентии шаҳри Хоруғ мақоми дуюм ва Зуҳро Шафиева, хонандаи синфи 7-и мактаби №2 ҷойи сеюмро лоиқ донистанд.

Ин толибилмонро имрӯз, 27-уми ноябр дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе пешвоз гирифтанд. Ба гуфтаи корманди Раёсати маорифи ВМКБ, ҳоло онҳо дар шаҳри Хоруғ барои истиқболи ғолибони озмун омадагӣ мебинанд.

“Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ин шогирдонро барои пирӯзӣ дар олимпиадаи байнулмилалии “Арифметикаи зеҳнӣ – 2019” самимона таҳният мегӯяд”, – афзуд Назаршоев.

Ёдовар мешавем, ки ин озмун рӯзи 22-юми ноябр дар Гурҷистон бо ташаббуси “Асотсиатсияи ҷаҳонии арифметикаи зеҳнӣ” (GAMA) гузаронида шуд. Дар он хонандагон аз Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва кишварҳои Аврупо ширкат варзиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...