Раҳмон: Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамгироӣ бо Қирғизистон аҳамияти махсус медиҳад

Asia-Plus

Дар шаҳри Бишкек дар ҳошияи иҷлоси навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот кард.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкорӣ дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар ҷаҳорчӯби СААД мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

“Тоҷикистон бо такя ба принсипҳои дӯстӣ ва ҳамҷаворӣ, ба масъалаи тавсеа ва таҳкими ҳамаи ҷанбаҳои ҳамгироӣ бо Қирғизистон аҳамияти махсус медиҳад”, – таъкид дошт зимни вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамкории кишварҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карданд.

“Дар рафти вохӯрӣ татбиқи тавофуқоти дуҷониба оид ба масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатии байни ду кишвар муҳокима гардид”, – қайд мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки ҳамчунин доир ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо гуфтугӯйи судманд сурат пазируфт.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Дар ин ҳолат 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...