Боздошти 8 кас дар Эрон ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Хадамоти иктишофии ИМА

Хадамоти махсуси Эрон 8 касро боздошт кард, ки дар ҳамкорӣ бо Идораи марказии иктишофии ИМА (ЦРУ) гумонбар мешаванд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба IRNA, Теҳрон иддао дорад, ки боздоштшудаҳо зери ниқоби рӯзноманигори шаҳрвандӣ ба ҷосусӣ машғул буданд. Онҳо гӯиё дар бораи эътирозҳои ҷорӣ дар Эрон маълумот ҷамъоварӣ карда, ба хориҷ […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Хадамоти махсуси Эрон 8 касро боздошт кард, ки дар ҳамкорӣ бо Идораи марказии иктишофии ИМА (ЦРУ) гумонбар мешаванд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба IRNA, Теҳрон иддао дорад, ки боздоштшудаҳо зери ниқоби рӯзноманигори шаҳрвандӣ ба ҷосусӣ машғул буданд. Онҳо гӯиё дар бораи эътирозҳои ҷорӣ дар Эрон маълумот ҷамъоварӣ карда, ба хориҷ мефиристоданд.

Гуфта мешавад, Вашингтони расмӣ то ҳол ин хабарро шарҳ надодааст.

Эътирозҳо 15 ноябр якбора дар чандин шаҳри Эрон оғоз шуданд. Ба норозигии сокинон болоравии нархи бензин (тақрибан то ба 13 сент барои як литр) сабаб шуд. Мақомот гуфтанд, танҳо бо ҳамин роҳ имкони ҳалли мушкилиҳои иқтисодие вуҷуд дорад, ки дар пайи таҳримҳои ИМА ба миён омадаанд.

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International бо истинод ба шоҳидон ва фаъолони эронӣ иттилоъ додааст, ки дар натиҷаи пароканда кардани тазоҳургарон дар беш аз 20 шаҳри Эрон дасти кам 106 кас кушта ва наздики 1000 нафар боздошт шудаанд.

Намояндаи Эрон низ аз ҳалокати даҳҳо нафар хабар дод. Мақомоти Эрон ин рақамҳоро рад мекунанд, вале шумори дақиқи қурбониёнро эълом намекунанд.​

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео аз тазоҳургарони Эрон даъват карда буд, ки ба департамент аксу видеоҳои эътирозҳоро фиристанд. Ӯ гуфт, Вашингтон ба иллати хушунат ва таъқиби фаъолон зидди Теҳрон таҳрим эълом мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.