Дастрасии боз 60 ҳазор сокинони Хатлон ба интернети 4G-и ширкати “МегаФон Тоҷикистон”

МегаФон Тоҷикистон пойгоҳҳои нави базавии шакли 4G-ро, ки дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ба кор дароварда шуданд, ба истифода супорид. Суръати баланди интернети мобилии оператор ба зиёда аз 60 ҳазор сокинони Қумсангир, Вахш ва Ҷиликул дастрас шуд. Тавре дар ширкат қайд мекунанд, ҳадафи асосии васеъкунии шабакаи 4G – ба сокинони ноҳияҳо пешниҳод кардани ҳамаи имкони истифодаи хизматрасониҳои […]

МегаФон Тоҷикистон пойгоҳҳои нави базавии шакли 4G-ро, ки дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ба кор дароварда шуданд, ба истифода супорид. Суръати баланди интернети мобилии оператор ба зиёда аз 60 ҳазор сокинони Қумсангир, Вахш ва Ҷиликул дастрас шуд.

Тавре дар ширкат қайд мекунанд, ҳадафи асосии васеъкунии шабакаи 4G – ба сокинони ноҳияҳо пешниҳод кардани ҳамаи имкони истифодаи хизматрасониҳои рақамие мебошад, ки дар шаҳрҳои бузург дастрас мебошанд. Бо корандозии пойгоҳҳои нав муштариён аз деҳаҳои Хатлон имкон пайдо карданд, ки бо суръати баланд интернетро бевосита дар хонаҳои худ истифода баранд. Қаблан онҳо интернети 4G-ро танҳо дар маркази ноҳия истифода карда метавонистанд.

“Мо афзоиши назарраси трафики мобилиро дар Хатлон мушоҳида мекунем – ҳар сол он аз ҳама кам ду маротиба зиёд гардида, қисми бештари он ба шабакаи LTE рост меояд. Мо интизори маҳз чунин натиҷаҳо будем, зеро хизматгузориҳои муосири интернетӣ ба таври уствор вориди ҳаёти мо шудаанд. Вазифаи мо – таъмин кардани имкониятҳо барои истифодаи қулайи онҳо сарфи назар аз макони иқомати муштарӣ ба шумор меравад”, – мегӯяд сарвари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид Сайтасанов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.