Тоҷикистон ду кони тиллоро барои коркард расман ба чиниҳо дод

Date:

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ имрӯз, 28-уми ноябр созишномаи ҳанӯз моҳи августи соли 2012 имзошударо байни Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, ҶСК «ТВЕА»-и Чин ва ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» дар бораи амалисозии лоиҳаи сохтмони маркази барқу гармидиҳӣ «Бо усули захиравӣ» тасдиқ кард.

Муовини аввали вазири саноат ва технологияҳи нави Тоҷикистон Бахтиёр Шарифӣ дар ҷаласаи парлумон қайд кард, ки ширкати Чин аллакай ба истихроҷи тилло дар кони "Кумарғи Боло” ва “Дуоба” дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд оғоз кардааст.

Фоида аз истихроҷи тилло ба ҷуброни воситаҳое равона хоҳад шуд, ки ширкат дар сохтмони маркази барқу гармидиҳӣ дар Душанбе масраф кард.

Майдони умумии конҳо 15,4 км мураббаъ, захираҳои собитшудаи тилло – 51,7 тонна ва захираҳои мавриди таҳқиқ – 117,16 тоннаро ташкил медиҳад.

Мувофиқи созиши ҳосилшуда бо ҳукумати Тоҷикистон, ширкат ба истихроҷи металлҳои гаронбаҳо аз ин конҳо то ҷуброни воситаҳои харҷкардааш барои сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ҳуқуқ дорад.

Ба қавли Шарифӣ, ҳамаи тиллое, ки ширкат аз ин конҳо истихроҷ мекунад, танҳо ба Вазорати молияи Тоҷикистон фурӯхта мешавад.

“Ба ҷуз ин, аз ҳудуди 700 нафар коргарон дар ин конҳо 80%-ашро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил хоҳанд дод”, – гуфт Шарифӣ.

Қобили зикр аст, ки маблағи сарфшудаи ширкати ТВЕА барои сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 – 349 млн. долларро ташкил дода, 17,4 млн. доллараш ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Соли гузашта раҳбарияти ширкати ТВЕА ба ВАО-и Чин хабар дод, ки агар захираҳои ду кони тилло барои ҷуброни хароҷоти ширкат кифоя накунад, ба ин ширкат барои коркарди боз як кони дигар ҳуқуқ дода мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...