Замони ироаи паёми ҳамасолаи раисҷумҳур ба парлумон маълум шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми декабр бо паёми ҳамасолаи худ ба парлумони кишвар муроҷиат мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз парлумони Тоҷикистон хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ҷаласаи муштараки Маҷлиси Миллӣ (палатаи болоӣ) ва Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнӣ)-и Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки дар ҷараёни он Эмомалӣ Раҳмон паёми худро ироа мекунад, дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми декабр бо паёми ҳамасолаи худ ба парлумони кишвар муроҷиат мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз парлумони Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҷаласаи муштараки Маҷлиси Миллӣ (палатаи болоӣ) ва Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнӣ)-и Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки дар ҷараёни он Эмомалӣ Раҳмон паёми худро ироа мекунад, дар маҷмааи “Кохи Сомон” доир мегардад.

Маъмулан дар паём масъала ва мушкилоти муҳим дар кишвар, аз ҷумла, масоили сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, иқтисоду ҷомеа ва илму фарҳанг зикр мешаванд.

Соли гузашта зимни ироаи паём сарвари давлат дар бораи дастовардҳои назарраси кишвар аз мавриди истифода қарор гирифтани агрегати якуми нерӯгоҳи Роғун, беҳбуди муносибатҳо бо Ӯзбекистон, ҳамчунин дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар масоили истифодаи оби нӯшокӣ суханронӣ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.