Ба пардохти абонентии муфиди ҳаррӯза гузаштани «Арбуз ТВ»-и МегаФон Тоҷикистон

Иттилоияи расмӣ

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба дӯстдорони кино ва барномаҳои телевизионӣ бастаи «Арбуз ТВ – Ҳаррӯза»-ро пешниҳод намудааст. Он 70 шабакаи телевизиониро дар бар гирифта, пардохти ҳаррӯзаро бо нархи 1,20 сомонӣ дар бар мегирад. Хизматрасонии мазкур яке аз пешниҳодҳои муфидтарини оператор маҳсуб мешавад.   

То ин замон дар доираи «Арбуз ТВ» ба дорандагони смартфонҳо ва планшетҳо  ду баста бо пардохти абонентии ҳармоҳаи – «Муносиб» иборат аз 50 шабакаи телевизионӣ бо нархи 35 сомонӣ ва «Максималӣ», ки дар он 70 шабакаро бо нархи 50 сом. тамошо кардан мумкин аст,   дастрас буданд.  Пешниҳоди нав барои тамошои шумораи зиёди шабакаҳо имконият дода, зимнан нархи хизматрасонӣ ба арзиши бастаҳои хизматрасониҳои қаблан фаъолгардида баробар аст.

«Шакли навин на танҳо бо таносуби мусоиди нарх ва ҳаҷми хизматрасониҳо фарқ мекунад. Акнун худи муштарӣ метавонад муҳлати пайвасткунии «Арбуз ТВ»-ро муайян карда, маблағи изофаро барои рӯзҳои “зиёдатӣ”, масалан ҳангоми вақт надоштан  барои тамошои видеои мобилӣ, сарф нанамояд», – шарҳ медиҳад Директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон»  Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.

Бастаи «Арбуз ТВ – Ҳаррӯза» шабакаҳои телевизионии дорои мавзӯъҳои гуногунро, ба монанди варзиш, фароғат, таҳсилот, иттилоот,  дар бар мегирад. Онҳоро дар дилхоҳ смартфонҳо ё планшетҳои дорои  системаҳои оператсионии Android ва iOS тамошо кардан мумкин аст.  Барои истифодаи хизматрасонӣ, муштарӣ бояд замимаи мобилии «Арбуз ТВ»-ро аз Play Маркет ё App Store боргирӣ намуда, хизматрасонии «Арбуз ТВ – Ҳаррӯза»-ро фаъол гардонад ва ба равзанаи авторизатсия логин ва пароли тавассути SMS-паёмак дастрасшударо ворид намояд.     Парол ва логини ягона танҳо дар як дастгоҳи муштарӣ амал менамоянд.

Бастаи «Арбуз ТВ – Ҳаррӯза» ба муштарӣ дар давоми 24 соат аз лаҳзаи пайвасткунӣ дастрас аст.   Дафъаи оянда пардохт ба таври автоматӣ  баъд аз як шабонарӯз, агар дар ҳисоби истифодабаранда  маблағи кофӣ мавҷуд бошад, гирифта мешавад. Дар рӯзҳое, ки муштарӣ  «Арбуз ТВ»-ро тамошо намекунад, хизматрасониро мустақилона қатъ намудан зарур меояд. USSD-дархост барои пайвасткунии хизматрасонии «Арбуз ТВ – Ҳаррӯза» – *808#, барои қатъкунӣ  – *808*0#.   

Муштариёне, ки қаблан дигар бастаҳои «Арбуз ТВ»-ро, ба монанди «Муносиб» ва «Максималӣ», пайваст намуданд, метавонанд минбаъд низ онҳоро истифода баранд ё ба намуди бо пардохти ҳаррӯза гузаранд.   Барои ин бояд намуди пештара қатъ гардад ва хизматрасонии нав пайваст карда шавад.

Ҳангоми истифодаи замимаи мобилии «Арбуз ТВ» ва тамошои шабакаҳои телевизионӣ трафики таҳвили маълумот ройгон аст ва аз бастаҳои пайвастнамудаи муштарӣ гирифта намешавад.   Трафики интернет танҳо дар ҳолате нархгузорӣ мегардад, ки агар муштарӣ  хизматрасониро тавассути логин ва пароли худ на аз рақаме, ки ба он хизматгузории «Арбуз ТВ» пайваст шудааст, балки аз рақами дигар истифода барад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...