Дар хатсайри №25-и пойтахт вақти шиддати кори нақлиёт автобусҳо ҳаракат мекунанд

Date:

Дар хатсайри микроавтобусҳои №25-и нақлиёти ҷамъиятии пойтахт аз маҳаллаи Зарафшон то бозори Меҳргон мусофирбарҳои нави тамғаи AKIA аз 2-юми декабр ба равуо оғоз карданд.

Дар шаҳрдорӣ мутмаинанд, ки шаш автобуси нав ба ҳалли мушкили мусофиркашонӣ дар ин хатсайр кумак хоҳанд кард.

Автобусҳо бо ин хатсайр танҳо субҳу бегоҳӣ, ба истилоҳ замони шиддати кори нақлиёти ҷамъиятӣ ҳаракат мекунанд.

“Равуои автобусҳо маънои онро надорад, ки микроавтобусҳо (маршруткаҳо) аз ин хатсайр гирифта мешаванд”, – қайд кард як манбаъ дар дастгоҳи раиси шаҳр.

Тибқи маълумоти шаҳрдории пойтахт, айни замон дар шаҳри Душанбе беш аз 2 ҳазору 900 адад нақлиёти мусофирбар ба сокинон хизматрасонӣ мекунанд, ки 80%-и онҳо хусусӣ мебошанд.

Дар тавозуни корхонаҳои коммуналии шаҳр 560 адад воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ба қайд гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...