Рустами Эмомалӣ ба Тошканд рафт

Date:

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз ба Тошканд рафт: ин нахустин сафари хориҷаи ӯ ба ҳайси шаҳрдори пойтахт аст.

Дар Тошканд ӯ бо ҳамтои ӯзбеки худ ҷараёни амалисозии Созишнома миёни ҳукуматҳои ҳар ду кишварро, ки зимни сафари давлатии раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 ба имзо расида буд, баррасӣ мекунад.

Аз ҷумла, Рустами Эмомалӣ ва шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев оид ба масоили ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангии байни Душанбе ва Тошканд табодули андеша мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт.

Дар назар аст, ки шаҳрдорон барномаи ҳамкории ду пойтахтро барои соли 2020 тасдиқ хоҳанд кард.

Моҳи январи соли 2017 Рустами Эмомалӣ бо фармони президенти Тоҷикистон раиси шаҳри Душанбе таъин шуд. Ӯ то имрӯз ба ҳайси раиси пойтахт ба кишварҳои хориҷӣ сафар накарда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...