Ҳудуди 88%-и гирифторони ВНМО дар Суғд аз алоқаи ҷинсӣ сироят ёфтаанд

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Дар шимоли кишвар афзоиши теъдоди гирифторон ба Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) сабт шудааст. Шумори зиёди онҳо аз алоқаи ҷинсӣ сироят ёфтаанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Маркази пешгирӣ ва мубориза бо Бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ, СПИД)-и вилояти Суғд хабар доданд, тӯли 10 моҳи соли 2019 дар вилоят 343 нафар гирифторони нави ВНМО ба қайд гирифта шудаанд.

“Миёни онҳо 195 нафар мардон, 148 нафар занон ва 13 ноболиғ ҳастанд. Дар ҳамин давраи соли гузашта 330 чунин ҳолат вуҷуд дошт”, – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, 22 нафар аз шумори умумии сироятёфтагон шахсоне мебошанд, ки бо сӯзандору маводи мухаддир истеъмол мекунанд, беш аз 300 нафар (87,8%) аз алоқаи ҷинсӣ, 10 нафар – тариқи аз модар ба кӯдак ва 4 нафар бо роҳи номаълум ба ангезандаи ин беморӣ гирифтор шудаанд.

“Аз соли 2001 то 31-уми октябри соли 2019 дар вилояти Суғд 2731 нафар сироятёфтагони ВНМО ба қайд гирифта шудаанд, ки 1687 нафарашон занон ва 1044 нафарашон мардон мебошанд”, – хабар дод манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, 39 гирифтори ВНМО дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекунанд.

Дар давраи мазкур 782 нафар дар вилоят аз бемории пайдошудаи норасоии масуният фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...