Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Asia-Plus

Шарики ин бахш – қаҳвахонаи "Мазза". Қаҳваи бепул ба ҳар касе, ки дар ин қаҳвахона аз соати 7 то 10 субҳона мехӯрад!

АНОНС

– Дар Душанбе соати 10:00 ба муносибати оғози ҳуҷуми ҷавобии артиши шӯравӣ дар назди Маскав ва ифтитоҳи Гулгашти Шараф дар оромгоҳи православии пойтахт ҷамъомад доир мегардад. Дар он сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов иштирок мекунад.

– Барои онҳое, ки айни замон дар Маскаванд. Дар кинотеатри “КАРО-октябр” дар Новий Арбат Фестивали байнулмилалии кинои “Артдокфест” оғоз мешавад. Дар он филми коргардони тоҷик Далери Имомалӣ “Умар-ако” намоиш дода мешавад.

– Дар Нур-Султон Чемпионати ҷаҳон оид ба каратэ KWU баргузор мешавад. Тоҷикистонро дар он варзишгарон Суҳроб Назаров (вазни то 70 кг), Кароматзода Файзулло (то 75 кг), Кароматов Сироҷиддин (то 80 кг), Мирзохонзода Умедҷони Шермад (то 85 кг) ва Олимов Сайдаҳмад (то 90 кг) намояндагӣ мекунанд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6800 сомонӣ;

1 евро – 10.7167 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1505 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1929 – ҶШС Тоҷикистон ба сифати ҷумҳурӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ қабул шуд.

2009 – Дар Душанбе ҳамоиши байнулмилалии «Ҷавонони рақамии Осиёи Марказӣ» баргузор шуд.

2011 – ҶСК «Тоҷик Эйр» аз Мексика ҳавопаймои Боинг 737-300-ро ба лизинги молиявӣ гирифт.

1915-1997 – Зодрӯзи раққоса, балетмейстер, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Азиза Азимова.

1921-1978 – Мавлуди арбоби давлатӣ, котиби Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Давлат Гадоев.

1923 – Зодрӯзи доктори улуми таърих, профессор Хосият Бобоева.

1930 – Мавлуди доктори улуми тиббӣ, профессор Фозил Абдураҳмонов.

1936 – Зодрӯзи фолклоршинос Файзалӣ Муродов.

1938 – Мавлуди нависандаи русзабони Тоҷикистон Иван Машин.

1962 – Зодрӯзи овозхон Умар Миргалиев

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 гарм, рӯзона 12+17° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7° хунук, рӯзона 4+9° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 18+23° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7° гарм, рӯзона 16+21° гарм мешавад.

Дар ВМКБ —  Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8-13° хунук, рӯзона 2+7° гарм, дар шарқи вилоят шабона 20-25° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 30-35° хунук, рӯзона 5-10° хунук, (дар мавзеи Булункул то 17-19° хунук) мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар ағбаҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 гарм, рӯзона 16+21° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 4-9 хунук, рӯзона 3+8° гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+13° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3° гарм, рӯзона 18+20° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4° гарм, рӯзона 13+15° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3 гарм, рӯзона 19+21° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 8-10° хунук, рӯзона 4+6° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...