Тавсияи муносибати эҳтиёткорона ба бонкҳо зимни қарздиҳӣ ба корхонаҳои давлатӣ

Иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ аз он изҳори ташвиш кардаанд, ки ҳиссаи зиёди қарзҳои додаи бонкҳо дар Тоҷикистон ба корхонаҳои давлатӣ рост меояд, ки сиёсати молиявии бомасъулият надоранд. “Бахши корхонаҳои давлатӣ самаранокии амалиётӣ ва сиёсати молиявии бомасъулият надоранд ва ҳиссаи зиёди ин бахш дар қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳо каме ташвишовар аст”, – изҳор дошт сариқтисодчии намояндагии доимии Бонки […]

Иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ аз он изҳори ташвиш кардаанд, ки ҳиссаи зиёди қарзҳои додаи бонкҳо дар Тоҷикистон ба корхонаҳои давлатӣ рост меояд, ки сиёсати молиявии бомасъулият надоранд.

“Бахши корхонаҳои давлатӣ самаранокии амалиётӣ ва сиёсати молиявии бомасъулият надоранд ва ҳиссаи зиёди ин бахш дар қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳо каме ташвишовар аст”, – изҳор дошт сариқтисодчии намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе Гоар Гулюмян рӯзи 4-уми декабр дар маросими рӯнамои гузориш таҳти унвони “Афзоиши хавфҳои молиявӣ дар Тоҷикистон”.

Вай афзуд, ки 24%-и ҳамаи қарзҳо тӯли 8 моҳи соли равон ба корхонаҳои давлатӣ дода шудааст. “Сохтори қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳо ба андеша водор мекунад”, – гуфт ӯ.

Гоар Гулюмян таъкид дошт, ки дар ин давра ҳаҷми қарздиҳӣ 7% афзуда, ҳаҷми қарзҳои бознагашта аз 52%-и соли 2017 то 27% поин рафт. “Беҳбудиро мушоҳида мекунем, лекин ин (қарзҳои бознагашта) ҳоло ҳам сатҳи баланд аст”, – иброз дошт иқтисодчии Бонки ҷаҳонӣ.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ ҳаҷми қарзҳо дар низоми бонкии Тоҷикистон беш аз 9,2 млрд. сомониро ташкил медиҳад.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта бақияи қарзҳо 6,9% ё худ ба маблағи 597 млн. сомонӣ афзуд.

Дар сохтори қарзҳо 24% ба корхонаҳои давлатӣ рост омада, айни замон ин корхонаҳо дар ҳаҷми беш аз 2,2 млрд. сомонӣ қарзҳоро аз худ карда истодаанд.

Ба ҳиссаи шахсони хусусӣ 23,5%, соҳибкорон – 19,9%-и қарзҳо рост омада, боз 3,1% қарзҳо бо мафҳуми “дигарон” зикр шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.