Оғози мавсими “шикор”-и маводи тарфгарӣ дар Тоҷикистон

Милитсияи Тоҷикистон мавсими ошкор ва мусодираи маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ)-ро аз фурӯш оғоз кард, ки он ҳамасола аз аввали моҳи декабр шурӯъ шуда, рӯзҳои ҷашни Соли нав ба авҷи худ мерасад. Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, аллакай ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ сокини 32-солаи шаҳри Душанбе боздошт ва аз ӯ […]

Милитсияи Тоҷикистон мавсими ошкор ва мусодираи маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ)-ро аз фурӯш оғоз кард, ки он ҳамасола аз аввали моҳи декабр шурӯъ шуда, рӯзҳои ҷашни Соли нав ба авҷи худ мерасад.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, аллакай ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ сокини 32-солаи шаҳри Душанбе боздошт ва аз ӯ беш аз 10 ҳазор адади ин мавод дарёфт ва мусодира шудааст.

Нисбат ба дастгиршуда мутобиқи моддаи 199, иловаи 1-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ)) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Мувофиқи меъёрҳои моддаи зикршуда, барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ ҷазои ҷарима дар ҳаҷми аз 200 то 500 нишондиҳанда барои ҳисоб (аз 11 ҳазор то 27,5 ҳазор сомонӣ) ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.