Сатҳи ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ ба Тоҷикистон “хеле паст” арзёбӣ шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Воридшавии сармоягузории мустақими хориҷӣ аз 8,8% нисбат ба ММД дар нимсолаи 2018 то 6,7% тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ коҳиш ёфтааст.

Дар ин бора гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ дар бораи иқтисоди Тоҷикистон маълумот медиҳад.

“Сатҳи ҷалби сармоягзориҳо барои давлате, ки муддати 10 соли наздик ба кишвари дорои саноати рушдкарда табдил ёфтанист, хеле кам аст”, – чунин мешуморад сариқтисодчии намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе Гоар Гулюмян.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки Чин бо 75%-и ҳисса дар ҳаҷми умумии сармоягузории мустақими хориҷӣ сарчашмаи бузургтарини сармоягузории мустақим ба Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Гуфта мешавад, сармоягузории Чин асосан дар соҳаи саноати истихроҷи тилло бештар мушоҳида мешавад.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, ҳаҷми умумии сармоягузории мустақими Тоҷикистон тайи дувоздаҳ соли охир 4 млрд. долларро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, соли гузашта ба маблағи 327 млн. доллар чунин сармоягузориҳо ҷалб шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2017 ба миқдори 28 млн. доллар зиёдтар мебошад.

Бино ба маълуомти Бонки ҷаҳонӣ, 61% аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳо дар соли 2018 ба соҳаи саноати истихроҷи кӯҳӣ рост меояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...