Сатҳи ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ ба Тоҷикистон “хеле паст” арзёбӣ шуд

Воридшавии сармоягузории мустақими хориҷӣ аз 8,8% нисбат ба ММД дар нимсолаи 2018 то 6,7% тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ коҳиш ёфтааст. Дар ин бора гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ дар бораи иқтисоди Тоҷикистон маълумот медиҳад. “Сатҳи ҷалби сармоягзориҳо барои давлате, ки муддати 10 соли наздик ба кишвари дорои саноати рушдкарда табдил ёфтанист, хеле кам аст”, – чунин […]

Воридшавии сармоягузории мустақими хориҷӣ аз 8,8% нисбат ба ММД дар нимсолаи 2018 то 6,7% тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ коҳиш ёфтааст.

Дар ин бора гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ дар бораи иқтисоди Тоҷикистон маълумот медиҳад.

“Сатҳи ҷалби сармоягзориҳо барои давлате, ки муддати 10 соли наздик ба кишвари дорои саноати рушдкарда табдил ёфтанист, хеле кам аст”, – чунин мешуморад сариқтисодчии намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе Гоар Гулюмян.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки Чин бо 75%-и ҳисса дар ҳаҷми умумии сармоягузории мустақими хориҷӣ сарчашмаи бузургтарини сармоягузории мустақим ба Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Гуфта мешавад, сармоягузории Чин асосан дар соҳаи саноати истихроҷи тилло бештар мушоҳида мешавад.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, ҳаҷми умумии сармоягузории мустақими Тоҷикистон тайи дувоздаҳ соли охир 4 млрд. долларро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, соли гузашта ба маблағи 327 млн. доллар чунин сармоягузориҳо ҷалб шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2017 ба миқдори 28 млн. доллар зиёдтар мебошад.

Бино ба маълуомти Бонки ҷаҳонӣ, 61% аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳо дар соли 2018 ба соҳаи саноати истихроҷи кӯҳӣ рост меояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.