Суд даст доштани Александр Сёминро ба қатли Ҳувайдо тасдиқ кард

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар додгоҳи вилояти Маскав мурофиаи навбатӣ оид ба баррасии парвандаи қатли духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода доир гардид.

Ҷаласа рӯзи 5-уми декабр баргузор шуда, суд қарор кард, ки амалҳои Александр Сёмин боиси марги Ҳувайдо шудаанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” адвокати падари духтар Шавкат Умаров хабар дод, дар ин марҳила суд дурустии қарори қаблан қабулшударо тасдиқ кард.

Ба гуфтаи Умаров, пас аз шунидани ҳар ду тараф суд ба ин қарор омад.

“Барои мо хуб аст, ки мавқеи айбдоркунандаи давлатӣ мисли мо буд. Ҳозир мо аз ҳолати беморӣ баромадани Сёмин ва иштироки ӯ дар мурофиаҳоро мунтазирем”, – иброз дошт Умаров.

Ба қавли номбурда, ҷониби ҳимояи Сёмин бо қарори суди вилояти Маскав розӣ нест.

“Ҷониби ҳимояи Сёмин хеле моҷароҷӯёна ва баъзан ҳатто бешармона рафтор мекунад, аммо аксари далелҳояшон асоснок набуда, суд онҳоро рад кард”, – қайд кард адвокат.

Тавре ба “Азия-Плюс” Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо хабар дод, мисли пешина дар ин мурофиа низ Александр Сёмин ҳузур надошт, зеро дар беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ бистарист.

“Мо бори навбатӣ дархост кардем, ки ҳузури Сёмин дар мурофиаи оянда таъмин шавад. Адвокати ӯ изҳор дошт, ки Сёмин гап зада наметавонад, лекин ман исрор меварзам, ки ӯ дар суд иштирок карда, ба суолҳо посух гӯяд. Бо адвокаташ гуфтугӯ карда метавонад-ку”, – гуфт Саидов.

Рӯзи 30-юми сентябри 2019 додгоҳ дар бораи ба муолиҷаи маҷбурӣ фиристодани Сёмин қарори пешакӣ қабул карда буд.

Ба қавли Шавкат Усмонов, рӯзи мурофиаи навбатӣ алҳол маълум нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...