Суд даст доштани Александр Сёминро ба қатли Ҳувайдо тасдиқ кард

Дар додгоҳи вилояти Маскав мурофиаи навбатӣ оид ба баррасии парвандаи қатли духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода доир гардид. Ҷаласа рӯзи 5-уми декабр баргузор шуда, суд қарор кард, ки амалҳои Александр Сёмин боиси марги Ҳувайдо шудаанд. Тавре ба “Азия-Плюс” адвокати падари духтар Шавкат Умаров хабар дод, дар ин марҳила суд дурустии қарори қаблан қабулшударо тасдиқ кард. Ба гуфтаи Умаров, пас […]

Дар додгоҳи вилояти Маскав мурофиаи навбатӣ оид ба баррасии парвандаи қатли духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода доир гардид.

Ҷаласа рӯзи 5-уми декабр баргузор шуда, суд қарор кард, ки амалҳои Александр Сёмин боиси марги Ҳувайдо шудаанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” адвокати падари духтар Шавкат Умаров хабар дод, дар ин марҳила суд дурустии қарори қаблан қабулшударо тасдиқ кард.

Ба гуфтаи Умаров, пас аз шунидани ҳар ду тараф суд ба ин қарор омад.

“Барои мо хуб аст, ки мавқеи айбдоркунандаи давлатӣ мисли мо буд. Ҳозир мо аз ҳолати беморӣ баромадани Сёмин ва иштироки ӯ дар мурофиаҳоро мунтазирем”, – иброз дошт Умаров.

Ба қавли номбурда, ҷониби ҳимояи Сёмин бо қарори суди вилояти Маскав розӣ нест.

“Ҷониби ҳимояи Сёмин хеле моҷароҷӯёна ва баъзан ҳатто бешармона рафтор мекунад, аммо аксари далелҳояшон асоснок набуда, суд онҳоро рад кард”, – қайд кард адвокат.

Тавре ба “Азия-Плюс” Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо хабар дод, мисли пешина дар ин мурофиа низ Александр Сёмин ҳузур надошт, зеро дар беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ бистарист.

“Мо бори навбатӣ дархост кардем, ки ҳузури Сёмин дар мурофиаи оянда таъмин шавад. Адвокати ӯ изҳор дошт, ки Сёмин гап зада наметавонад, лекин ман исрор меварзам, ки ӯ дар суд иштирок карда, ба суолҳо посух гӯяд. Бо адвокаташ гуфтугӯ карда метавонад-ку”, – гуфт Саидов.

Рӯзи 30-юми сентябри 2019 додгоҳ дар бораи ба муолиҷаи маҷбурӣ фиристодани Сёмин қарори пешакӣ қабул карда буд.

Ба қавли Шавкат Усмонов, рӯзи мурофиаи навбатӣ алҳол маълум нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.