Интиқоли маблағ ба Тоҷикистон осон ва бехатар шуд

Матлаби рекламавӣ

Аз 3 декабри соли 2019 тамоми интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ тавассути низомҳои пардохтие, ки ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст гардидаанд, амалӣ мешаванд. Айни замон низомҳои пардохтии “Юнистрим” ва “Контакт” ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пурра пайваст шуда, шаҳрвандон тавассути ин низомҳо бемонеа интиқоли маблағҳоро анҷом медиҳанд.

Тавре хадамоти матбуоти БМТ иттилоъ медиҳад, низоми пардохтии “Вестерн Юнион” низ пайвастшавиро ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо босуръат идома дода истодааст ва дар рӯзҳои наздик тавассути низоми мазкур низ интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон имконпазир мешавад.

Таъсиси Маркази миллии протсессингӣ дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ бамаврид буда, камбудиҳои ҷойдоштаро дар раванди кории низомҳои интиқоли маблағҳо бартараф хоҳад кард ва пеш аз ҳама дар баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми интиқоли маблағҳо, таъмини шаффофияти амалиётҳо ва коҳиш додани хавфҳои транзаксионӣ нақши назаррас хоҳад дошт.

Инчунин тавассути Маркази миллии протсессингӣ идораи амалиётҳои интиқолӣ ба маротиб осон гардида, барои иштирокчиёни амалиёти интиқоли маблағҳо боманфиат аст ва хатари зарарбинии ташкилотҳои молиявиро ҳангоми муфлисшавии низомҳои интиқоли маблағҳо ба-0 (сифр) баробар мекунад.

Бояд қайд кард, ки Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо маҷмааи барномавию техникии Бонки миллии Тоҷикистон аст. Он ҳисоббаробаркуниҳоро аз рӯйи интиқолҳои фаромарзии маблағҳо бе кушодани суратҳисоб, тавассути суратҳисобҳои муросилотии иштирокдорон, ки дар асоси шартнома бо Бонки миллии Тоҷикистон амалиётҳоро ба роҳ хоҳанд монд, амалӣ мешавад ва бо истифода аз воситаҳои электронии қабул, коркард, интиқол ҳифзи иттилоот таъмин мегардад.

Маркази мазкур инчунин имкониятҳои навро баҳри рушди бозори интиқолҳои пулӣ, махсусан, пешбурд ва оммавигардонии пардохтҳои ғайринақдӣ фароҳам хоҳад кард.

Ин омили мусбат ва муҳимро ба назар гирифта, ташкилотҳои пешрафтаи молиявии ҷумҳурӣ ҳарчӣ бештар ба мардум корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ, алалхусус, истифодаи кортҳои пластикӣ дар амалигардонии интиқолҳои пулӣ гузаронида истодаанд.

Масалан, Спитамен Бонк  барои ҳамаи интиқолгирандагон кортҳои байналмиллалии Корти Миллӣ/UnionPay-ро ба таври ройгон тақдим карда, ин иқдомро дар арафаи ҷашнгирии соли нави мелодӣ “Туҳфаи солинавӣ” номидааст.

Ғайр аз ин, бонк якчанд шабакаҳои алтернативии интиқоли маблағро, ки барои мардум қулаю камхарҷанд, пешниҳод намудааст, ки дар аввал боиси нофаҳмии мардум шуда бошад ҳам, баъдан бисёр мақбул гаштааст:

Интиқоли маблағ тариқи терминалҳои QIWI ба корти бонкӣ. Имконияти пур кардани кортҳои низоми пардохти "Корти миллӣ"-и ҳама бонкҳои Тоҷикистон ва кортҳои низомҳои UnionPay ва VISA-и Спитамен Бонк, бо истифода аз терминалҳои QIWI, ки шумораашон дар Федератсияи Русия зиёда аз 136 ҳазорро ташкил медиҳад, инчунин тавассути ҳамёни QIWI;

Аз мағозаҳои фурӯши “Связной”. Имконияти пур кардани кортҳои низоми пардохти "Корти миллӣ"-и ҳама бонкҳои Тоҷикистон ва кортҳои низомҳои UnionPay ва VISA-и Спитамен Бонк тавассути шабакаи мағозаҳои Связной дар Федератсияи Русия, ки зиёда аз 5 ҳазор нуқтаи хизматрасонӣ дорад.

Тариқи барномаи Сбербанк Онлайн. Хизматрасонии интиқоли фаврии пул ба кортҳои низоми пардохти кортҳои низомҳои UnionPay ва VISA-и Спитамен Бонк тавассути барномаи Сбербанк Онлайн;

Дар марказҳои хизматрасонии МегаФон Русия. Имконияти пур кардани кортҳои низоми пардохти "Корти миллӣ"-и ҳама бонкҳои Тоҷикистон ва кортҳои низомҳои UnionPay ва VISA-и Спитамен Бонк тавассути шабакаи мағозаҳои Связной дар Федератсияи Русия, ки шумораашон зиёда аз 3 ҳазорро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки муҳлати интиқоли маблағ якчанд дақиқаро ташкил дода, ҳангоми иҷрои ин амалиёт ҳаққи хизмат ситонида намешавад. Корти бонкиро ҳам соҳиб ва ҳам шахси сеюм метавонанд пур кунанд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...