Шубҳаи вакили парлумон аз таҷрибаи кишоварзони Чин

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода пешниҳод кард, заминҳое, ки дар он чандин сол инҷониб фермерҳои Чин пахтаву зироати полезӣ ва сабзавоту мева парвариш мекунанд, мавриди ташхис қарор бигиранд.

“Имрӯз мо ба ваҷд меоем, ки кишоварзони Чин дар заминҳои корами иҷорагирифтаашон дар чанде аз ноҳияҳои вилояти Хатлон аз як гектар 65-67 сентнер ҳосили пахта мегиранд, аз деҳқонони тоҷик даъват мекунем, ки аз онҳо ибрат гиранд, таҷрибаи ҳамтоҳои чинии худро омӯзанд. Аммо касе андеша намекунад, ки оянда ҳоли ин қитъаҳои замин чӣ мешавад”, – изҳор дошт Саидҷаъфар Усмонзода имрӯз зимни суханронӣ дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ.

Ӯ пешниҳод кард, ки сохторҳои марбутаи Тоҷикистон вазъи заминҳои иҷорагирифтаи чиниҳоро пайгириву ташхис кунанд.

“Санҷидан лозим аст, ки онҳо чӣ гуна маводи кимиёвӣ истифода мекунанд. Оё баъд аз рафтани онҳо мо аз ин заминҳо ягон ҳосил ба даст оварда метавониста бошем”, – иброз дошт вакил.

Вай афзуд: “Имрӯз аллакай ба туфайли тухмиҳои аз Чин ба кишвар воридшуда таъми пешинаи помидору бодиринг гум шудааст”.

“Дар ташвишам, ки шафтолу ва себи тоҷикӣ низ ҳамин хел мешаванд”, – таъкид дошт Усмонзода.

Суханронии пурэҳсоси вакил дар ҳоле ҷараён гирифт, ки имрӯз парлумон бо пешниҳоди ҳукумат корхонаи муштараки «Ҷунтай Хатлон син сулу»-и Тоҷикистону Чин ва ҶСК “Водии заррин”-ро, ки ба парвариши пахта дар қаламрави вилояти Хатлон машғуланд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷҳои гумрукӣ озод кард.

Вакилон розӣ шуданд, ки зимни воридоти пойгоҳҳои обкашӣ, қубурҳои пластикӣ, зеристгоҳҳои энергетикӣ ва таҷҳизот барои онҳо ин корхонаҳо аз пардохти ААИ ва боҷҳои гумрукӣ озод карда шаванд.

Ба вакилон хабар доданд, ки номгӯй ва шумораи таҷҳизоти мазкур аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...