Таҳдиди милиса ба хабарнигори “Азия-Плюс”: “Бихоҳӣ, нахоҳӣ, мо туро ҷарима мекунем”

Asia-Plus

Хабарнигори “Азия-Плюс” Мусо Бобоҳоҷиевро имрӯз, 11-уми декабр кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт барои он дастгир карданд, ки ӯ арчаи солинавии назди Театри опера ва балети ба номи С.Айниро акс мебардошт. Нахуст онҳо талаб карданд, ки аксҳо пок карда шаванд. Сипас яке аз онҳо телефони журналистро кашида гирифт ва саъй варзид, ки ӯро барои ҳуқуқвайронкунии мавҷуднабуда ҷарима бандад.

Тақрибан соати 12:15 аввал ба назди хабарнигор як ҷавон бо либоси мулкӣ омада, худро корманди раёсати шаҳрии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон муаррифӣ кард. Ӯ огоҳ намуд, ки акс бардоштани кормандони мақомот бо либоси низомӣ мумкин нест ва хоҳиш кард, ки ду сурати гирифтаи хабарнигор тоза карда шавад. Қобили зикр аст, ки ин корманди КДАМ рафтору гуфтори муаддабона дошт ва пас аз поксозии аксҳо (ҳарчанд мо вазифадор набудем, ки ин корро бикунем), ба хабарнигор иҷозати рафтан дод. Дар он аксҳои покшуда милисаҳои назди арча ҳам намудор буданд.

Аммо баъд як корманди милиса ба назди хабарнигори “Азия-Плюс” омад ва ҳуҷҷаташро нишон дода, худро Худойдод Ҳамрохонов, ёрдамчии нозири минтақавии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муаррифӣ кард.

Ҳамрохонов умуман сухани журналистро ба инобат нагирифт, ки ӯ арчаро барои суратгузориш аксбардорӣ кард ва аз куҷо будан, кӣ будани падару модар ва шаҳрванди Тоҷикистон будан ё набудани ӯро пурсон шуд.

Далели он, ки хабарнигор арчаи солинавиро бо супориши идораи “Азия-Плюс” аксбардорӣ мекунад, ба ӯ ҳеҷ аҳаммияте надошт. Ҳамрохонов истодагарӣ мекард, ки хабарнигор ҳуқуқи акс бардоштанро надорад. “Ту дар назари ман одами шубҳанок метобӣ, – гуфт ӯ. 

Ҳамрохонов афзуд: “3-4 нафар корманди милитсия вақте як ҷо бошанд, сурат бигирӣ ва ягон ҷо партоӣ, ин як намуди паст задини давлати тоҷикон аст, медонӣ?”

“Ҳозир ман туро ҷаримаи сабук мекунам, акнун ба хотири он ки ту ҳам фаҳмидӣ, мо ҳам якдигарфаҳмӣ кардем. Намебарам, вақти туро ҳам намегирам, вақти худамро ҳам. Агар не, ҳозир “на принсип”-у қонунияш бихоҳӣ, мебарем “отдел”, мегӯем: “Шубҳанок аст”. 3 соат манъат мекунанд, пурсупосат мекунанд: “Аз куҷоӣ? Чиӣ?” То ҳуҷҷататро наорӣ ва то ман нахоҳам, ягон кас туро ҷавоб дода наметавонад. Фаҳмидӣ маро? Барои он ки ман туро бурдагиям, дар он ҷо бе ҷавоби ман, то нагӯям, ки “майлаш, ҷавобаш диҳед, биравад”. Ман баромада, меоям. Он ҷо ту меистӣ, боз “отделно” одамон меоянд, “отпечатка”-атро мегиранд. Ту киӣ? Чиӣ? Аз куҷоӣ? Кай ва дар куҷо таваллуд шудагиӣ? Хуни нофат дар куҷо рехтагӣ аст? Авлодат кист? Ҳафт пуштат кист? Ҳамааш мезанад, мебарояд. Дафъаи дигар ягон корманди милитсияро ҳақ надорӣ, сурат бигирӣ. Наханд, ин кори ханда нест!” – изҳор дошт Худойдод Ҳамрохонов.

Шояд барои исботи он, ки ӯ журналистро “ҷазо” дода метавонад, Ҳамрохонов чунин ҳодисаро нақл кард: “Мо дар пеши ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур рейди сатру ҳиҷоб рафта истода будем. Акнун мо ба он дараҷае намеравем, ки сатрро аз сарашон “қап” занем. Мо бероҳа меистодем, ки ранги шумо барин шаҳрвандон намефаҳманд, ҷангу даъво мегиранд. Ӯро фақат занакҳо мераванд, ҳамсуҳбат мешаванд қатиш, ки “апаӣ, хоҳарӣ, ҷойи ҳамин рӯймол шарф бибанд, тамом”. Ҳамин қадар ҳақ доранд, ки бифаҳмонанд. Ана, як-ду бача ранги ту барин аз дур истода, телефонашро бароварда, “назаметно камера” карда истодааст. Ман нигоҳаш дорам. Рафта, телефонро гирифтам. Ба суд пешниҳод кардам. Суд 5500 сомонӣ ҷаримаш кард, ба хотире ки моро “камера” кардагӣ аст. Ана, ҳамон ҷо ягон гуноҳ надошт ҳамон бача. Панҷу ним ҳазор ҷаримаш карданд. Фаҳмидӣ маро? Ин фармон аст, ин қонун аст. Инро ман аз пеши худам нагуфта истодаам. Ин фармон аст, ки шаъну шарафи тоҷикро, Тоҷикистонро, давлатро ту паст мекунӣ”.

Дар идомаи суханронияш Ҳамрохонов ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт: “Ҳозир як ҷаримаи сабукат мекунам – 110 сомонӣ. Мебарӣ, дар “Амонатбонк” ҷарима месупорӣ. Як одамро қатӣ ту роҳӣ мекунам”. Ба суоли Мусо Бобоҳоҷиев: “Дар кадом асос?” ёрдамчии нозири минтақавӣ чунин посух дод: “Дар ягон асосе, ки ту сигарет кашидӣ, ё нос кашидӣ…”

Қобили зикр аст, ки дар оғози ин ҳодиса, вақте хабарнигори “Азия-Плюс” боздошт шуд, мо ҳам бо корманди КДАМ, ки номашро нагуфт ва ҳам Худойдод Ҳамрохонов, ки худро ёрдамчии нозири минтақавии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муаррифӣ кард, суҳбатҳои телефонӣ доштем ва фаҳмонидем, ки журналист бо супориши идора дар ҳудуди пойтахт, аз ҷумла, назди Театри опера ва балет арчаҳои солинавиро аксбардорӣ карда, тибқи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон комилан ҳуқуқ дорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ сурат бигирад. Зимнан таъкид шуд, ки арчаи солинавӣ ягон иншооти махфӣ нест. Мо тақозо кардем, ки ӯро фавран раҳо карда, таҷҳизоташро баргардонанд ва барои иҷрои вазифаи касбияш монеа эҷод накунанд. Корманди КДАМ баъд аз гуфтугӯ телефонро ба Ҳамрохонов дод, аммо ёдоварӣ аз муқаррароти қонунҳои дахлдори Тоҷикистон ба ӯ таъсиргузор набуд.

Мо ҳамзамон ба ёрдамчии сардори РВКД дар шаҳри Душанбе Муҳсинҷони Муҳаммадӣ ва сухангӯйи ВКД ҶТ Умарҷони Эмомалӣ тамоси телефонӣ доштем ва ин қазияро ба онҳо баён кардем. Ба талаби онҳо, ки “хабарнигор озод карда шавад, чунки ӯро мешиносанд”, Ҳамрохонов ҷавоби рад дод ва гуфт: «Мусо ғайриқонунӣ арчаро сурат мегирифт. Шахсияти ӯ бояд санҷида шавад”. 

Танҳо пас аз он, ки роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба сардори Ҳамрохонов – Маҳмадризо Ҷамшед, нозири минтақавии ноҳияи Шоҳмансур тамоси телефонӣ гирифт ва ӯ дар навбати худ ба зертобеаш сим зад, хабарнигори “Азия-Плюс” раҳо шуд ва телефонашро ба ӯ баргардониданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...