Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Шарики ин бахш – қаҳвахонаи "Мазза". Қаҳваи бепул ба ҳар касе, ки дар ин қаҳвахона аз соати 7 то 10 субҳона мехӯрад! АНОНС – Рӯзҳои 12-14 декабр дар Синдао (Чин) мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба дзюдо баргузор мешавад, ки дар он аз 68 кишвар 460 нафар гуштигирон иштирок мекунанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Сомон Маҳмадбеков ва […]

Шарики ин бахш – қаҳвахонаи "Мазза". Қаҳваи бепул ба ҳар касе, ки дар ин қаҳвахона аз соати 7 то 10 субҳона мехӯрад!

АНОНС

– Рӯзҳои 12-14 декабр дар Синдао (Чин) мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба дзюдо баргузор мешавад, ки дар он аз 68 кишвар 460 нафар гуштигирон иштирок мекунанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода (вазни -73кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) намояндагӣ мекунанд.

– Ба муносибати 90-солагии оҳангсози тоҷик Шарофиддин Сайфиддинов дар театри опера ва балет операи ӯ – “Рӯдакӣ” намоиш дода мешавад. Оғоз соати 16:00.

– Соати 16:00 дар сафоратхонаи Фаронса дар Тоҷикистон нишасти хабарӣ дар мавзӯи “Пешниҳоди тадбирҳои нав оид ба мубориза бо зӯроварии хонаводагӣ, ки аз ҷониби ҳукумати Фаронса аз рӯйи натиҷаҳои Анҷумани Гренелск дар бораи хушунати хонаводагӣ қабул шудааст” доир мегардад.

– Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ба Рӯзҳои дарҳои кушода даъват мекунад. Рӯзҳо дар толорҳои намоишгоҳи Иттифоқ то 21 декабр аз соати 10:00 то 17:00 баргузор мешаванд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6800 сомонӣ;

1 евро – 10.7254 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1520 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1932 – Роҳи мошингарди Сталинобод – Қӯрғонтеппа ба истифода дода шуд.

2007 – Дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи ипотека» қабул шуд.

2014 – КМИР ҶТ тасмим гирифт, ки аз ин ба баъд дониши вакилони ҳамаи сатҳҳо аз забони тоҷикӣ санҷида мешавад.

1928 – Зодрӯзи Нависандаи халқии Қирғизистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Чингиз Айтматов.

1908-1976 – Мавлуди академик Абдулғанӣ Мирзоев.

1914-1975 – Зодрӯзи муаррих Арда Қувватов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борони суст борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти суст (борон барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 1+6 гарм, рӯзона 7+12° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6° хунук, рӯзона 1+6° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон —  Ҳавои абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 10+15° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4, рӯзона 6+11° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят боришоти суст (борон, барф) ба амал омада, дар шарқи вилоят бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 2-7° хунук, рӯзона 1+6° гарм, дар шарқи вилоят шабона 16-21° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 25-30° хунук, рӯзона 3-8° хунук, (дар мавзеи Булункул 13-15° хунук) мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти суст (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 9+14° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4-9° хунук то -2+3, рӯзона 3+8° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 1+3° гарм, рӯзона 11+13° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд —  Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борони суст борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 4+6° гарм, рӯзона 9+11° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 3+5 гарм, рӯзона 12+14° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои абрнок, боришоти суст (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 3-5° хунук, рӯзона 4+6° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.