Сафари сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба Санкт-Петербург

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сардори cитоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода рӯзи 12-уми декабр ба шаҳри Санкт-Петербург сафар кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон подполковник Ориф Нозимиён хабар дод, дар ин ҷо ӯ имрӯз, 13-уми декабр дар кори ҷаласаи Кумитаи ҳарбии назди Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок мекунад.

Дар ҳошияи иштирок дар кори ҷаласаи Кумитаи ҳарбӣ Собирзода бо як зумра ҳамтоёни худ дар СААД вохӯриҳои корӣ мегузаронад.

Ҷаласа таҳти раёсати сардори ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Русия, муовини аввали вазири мудофиаи ин кишвар генерали артиш Валерий Герасимов доир мегардад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти СААД, дар ҷаласа сардорони ситодҳои кулли Қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СААД – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон, муовини аввали сардори ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон ва сардори Ситоди муттаҳидаи СААД ширкат меварзанд.

Дар ҷаласаи Кумитаи ҳарбӣ баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти СААД дар соҳаи ҳарбӣ, ки аз ҷониби Русия дар давраи раёсати ин созмон дар соли 2020 пешниҳод шудааст ва таҳияи тадбирҳо оид ба амалисозии онҳо, таҳлили таҳдиду чолишҳо ба амнияти низомӣ дар минтақаҳои СААД ва дигар масъалаҳо дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...