Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Asia-Plus

Шарики ин бахш – қаҳвахонаи "Мазза". Қаҳваи бепул ба ҳар касе, ки дар ин қаҳвахона аз соати 7 то 10 субҳона мехӯрад!

АНОНС

– Дар меҳмонхонаи “Ҳайят Риҷенси”-и Душанбе “Ҳамоиши сеюми минтақавӣ оид ба пешгирии ифротгароии хушунатомез дар андозагирии рақамӣ” идома меёбад.

– Дар Синдао (Чин) мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба дзюдо ҷараён дорад, ки дар он аз 68 кишвар 460 нафар гуштигирон иштирок мекунанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода (вазни -73кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) намояндагӣ мекунанд.

– Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ба Рӯзҳои дарҳои кушода даъват мекунад. Рӯзҳо дар толорҳои намоишгоҳи Иттифоқ то 21-уми декабр аз соати 10:00 то 17:00 баргузор мешаванд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6800 сомонӣ;

1 евро – 10.7777 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1530 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2007 — Дар Душанбе ҷаласаи сеюм дар доираи муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» баргузор шуд.

2010 — Дар Брюссел ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон доир гардид.

2011 — Президенти Тоҷикистон аз ширкатҳои Siemens ва Bosch боздид намуда, бо Олмон се санадро ба имзо расонид.

1826-1897 — Зодрӯзи нависанда, шоир ва рассом Аҳмади Дониш.

1916-1996 — Мавлуди Ҳофизи халқии Тоҷикистон Нерё Аминов.

1924-2001 — Зодрӯзи ходими ҷамъиятӣ Рауф Додобоев.

1936 — Мавлуди Шоҳзода Карим Оғо Хони IV – пешвои маънавии исмоилиён.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борон борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 3+8 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8° хунук, рӯзона -2+3° мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои абрнок, дар водиҳо борон, дар доманакӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 6+11° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5 гарм, рӯзона 3+8° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят боришоти суст (борон, барф) ба амал омада, дар шарқи вилоят бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 1-6° хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар шарқи вилоят шабона 16-21° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 25-30° хунук, рӯзона 3-8° хунук, (дар мавзеи Булункул 27-29° хунук) мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои абрнок, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти суст (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар водиҳо шабона ва рӯзона 3+8° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-5 хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои абрнок, борон борида, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 2+4° гарм, рӯзона 6+8° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд —  Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борони суст борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 4+6° гарм, рӯзона 6+8° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои абрнок, борони суст борида, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 5+7 гарм, рӯзона 7+9° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои абрнок, боришоти суст (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 4-6° хунук, рӯзона 0+2° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...