Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров дар бораи бекор кардани гаравпулии интихоботӣ барои аҳзобу номзадҳо такроран ба президенти мамлакат муроҷиат кард.
Дар зер муроҷиатномаи ӯро манзуратон мегардонем, ки дар саҳифаи фейсбукии раиси ҲСДТ нашр шудааст:
“Муроҷиат ва дархости такрории раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон!
Пас аз Муроҷиати ман ба Шумо – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фавран бекор кардани гаравпулии интихоботӣ, як қатор мансабдорони ҳукумат ва вакилони Маҷлиси намояндагон ба ман эътироз карданд, ки ҳоло вақти бекоркунӣ нест, шумо, раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров, вақти барзиёдро аз даст додаед.
Ба ин эътирозҳо посух медиҳам, ки моддаи 32.1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «хилофи Конститутсияи кишвар мебошад ва аз рӯзи қабули он эътибори ҳуқуқӣ надорад», яъне амал намекунад. Аз ин рӯ, ҷамъоварии гарави интихоботӣ аз ҷониби КМИР як амали ғайриконститутсионӣ мебошад, яъне КМИР ҷиноят содир мекунад.
Бузургон гуфтанд, ки «шумо вазифаи худро иҷро кунед ва дарҳол хоҳед донист, ки чӣ арзиш доред». Бо ин сабаб ман ба унвони Шумо Муроҷиати такрории худро ирсол мекунам. Тибқи муқаддимаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «халқи Тоҷикистон бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода», Конститутсияи амалкунандаро қабул ва эълон намудааст. Умедворам, ки шумо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтиром ва риоя мекунед.
Якум. Тибқи қисми 3 моддаи 1 ин Конститутсия «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Тибқи қисми 3 моддаи 5 Конститутсия «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».
Дуюм. Тибқи қисми 1 моддаи 8 Конститутсия «Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад».
«Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад», аз ҷумла, мафкураи на Шумо ва на ҲХДТ.
Сеюм. Тибқи қисми 1 моддаи 10 «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд». Таъкид мекунам, Конститутсияи Тоҷикистон «мустақиман амал мекунад» ва «санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд». Тибқи қисми 2 моддаи 10 Конститутсия «Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд», аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Чорум. Тибқи қисми 2 моддаи 14 Конститутсия «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд», аз ҷумла, «онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор» ва Шуморо «муайян мекунанд».
Панҷум. Тибқи қисми 3 моддаи 14 Конститутсия «Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад». Дар дигар ҳолатҳо манъ аст.
Шашум. Тибқи қисми 1 моддаи 17 Конститутсия «Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад».
Ҳафтум. Тибқи қисми 1 моддаи 49 Конститутсия «Интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад». Дигар принсипҳо барои интихоботи Маҷлиси намояндагон пешбинӣ карда нашудааст, аз ҷумла, гарави интихоботӣ, яъне сензи молиявӣ.
Ҳаштум. Дар Конститутсияи Тоҷикистон оид ба интихот 6 намуди сенз пешбинӣ карда шудааст: сензи синну сол, шаҳрвандӣ, таҳсил, ҷойи истиқомат, сензи хизматӣ ва забонӣ. Дар қисми 1 моддаи 49 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаст: «Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад». Дар қисми 5 моддаи 49 омадааст: «Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад». Ҳамин тариқ, қисмҳои 1 ва 5 моддаи 49 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се навъи сензҳои интихоботиро муайян мекунанд: аз рӯйи шаҳрвандӣ, синну сол ва таҳсил. Аммо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатто ишорае нест, ки ягон сензи молиявӣ муқаррар кардан мумкин аст.
Нуҳум. Сенз чист? Сенз (русӣ «ценз») калимаи лотини census – баҳомонӣ, аломати тахассусӣ, шарт аз нигоҳи молумулкӣ ё молиявӣ) шартҳои қонуние, ки ҳуқуқи шахсро ба амалӣ кардани ҳуқуқҳои интихобот маҳдуд мекунад. Сензи интихобот чист? Такрор мекунам, шарти қонуние, ки ҳуқуқи шахсро ба амалӣ кардани ҳуқуқҳои интихобот маҳдуд мекунад. Сензи синну сол – маҳдудияти синну сол барои мавқеи муайян ё навъи фаъолият; Сензи таҳсил чист? Маҳдуд кардани ҳуқуқи интихоботи фаъол ё ғайрифаъол ё имконияти ишғоли мансабе, ки дараҷаи муайяни таҳсилро талаб мекунад. Сензи истиқомат (талабот оид ба истиқомати тӯлонӣ дар ин кишвар ё дар маҳалле), сензи шаҳрвандӣ (ниёз ба шаҳрванди ин ё он давлат буданро дорад). Аз ин рӯ, сензи интихоботӣ дар умум шартҳои муқарраркардаи Конститутсия (агар Конститутсия ба қонуни интихобот ҳавола кунад – қонун) барои шаҳрвандон ҳама намуди шартҳои интихоб кардан ва ё интихоб шудан.
Даҳум. Дар амалияи конститутсионии давлатҳои гуногун намудҳои зерини сензҳои интихоботӣ истифода мешаванд: синну сол, шаҳрвандӣ, моликият (молиявӣ), таҳсилӣ, иқомат, ҷинсӣ, нажодӣ, динӣ, хизматӣ, забонӣ. Чӣ хеле дар боло гуфтам, дар Тоҷикистон Конститутсияи кишвар сензи синну сол, шаҳрвандӣ, таҳсил, ҷойи истиқомат, хизматӣ ва забонро муайян мекунад. Бояд қайд кард, ки меъёрҳои сензи молиявӣ, нажодӣ, ҷинсӣ ва мазҳабӣ ҳамеша табъиз буда, ба принсипҳои муосири демократии интихоботӣ мувофиқ нестанд. Дигар сифатҳои сензи интихоботӣ табъиз ҳисобида намешаванд, аммо онҳоро барои мақсадҳои табъизӣ истифода бурдан мумкин аст (масалан, аз ҳад зиёд будани сензи истиқоматӣ).
Ёздаҳум. Ва ниҳоят қисми хулосавӣ: Дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳангоми қабули он ягон гарав ё сензи молиявии интихоботӣ мавҷуд набуд. Баъдтар, аз тарси рақобат ва интихоби шаҳрвандони солимфикр ва бовиҷдон ба ҳайси вакилон, мансабдорони Маҷлиси Олӣ дар якҷоягӣ бо мансабдорони ҳукумат барои сабуктар шудани «тақдиру зиндагии худ», моддаи 32.1, ин ҳам бошад, бо мақсади назорати истисноӣ «ҳукмфармост», ворид кардаанд.
Ҳамин тавр, дар тӯли зиёда аз 10 сол як гурӯҳи маҳдуди одамон, асосан мансабдорони фасодзада, дар элитаи сиёсии парлумонӣ ва ҳукумати кишвар бартарӣ доранд. Онҳо хуб медонанд, ки ин хилофи Конститутсия ва мардуми кишвар мебошад, аммо манфиати худ ва гурӯҳи худ барои онҳо аз манфиати мардуму давлату ҷомеа болотар мебошад.
Хулоса. Азбаски гарави интихоботӣ, ки дар моддаи 32.1 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар шудааст, хилофи моддаҳои 1, 5, 10, 14, 17, 49 ва дигар моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва мутобиқи қисми 1 моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таъкид мекунад: «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд», ин модда аз рӯзи қабули он эътибори ҳуқуқӣ надорад.
ҲСДТ ҳизби ҳуқуқ, хирад ва адолати иҷтимоӣ наметавонад онро риоя кунад. ҲСДТ ба талаботи ин модда мувофиқ нест. Аз ин рӯ, дар ин Муроҷиатнома дархост ва даъват мекунам:
– гарави интихоботие, ки дар моддаи 32.1 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар шудааст фавран бекор карда шавад, чунки хилофи моддаҳои 1, 5, 10, 14, 17, 49 ва дигар моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва аз рӯзи қабули он эътибори ҳуқуқӣ надорад.
Раиси ҲСДТ Р. Зойиров”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


