Баргузории намоишгоҳи ихтисосии маҳсулоти эронӣ дар Душанбе

Намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 то 24 декабри соли 2019 дар “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин намоишгоҳ ширкатҳои истеҳсолӣ ва фаъолони иқтисодии Эрон дар бахшҳои истеҳсолӣ, саноати хӯрокворӣ, беҳдошту дармон, мошинолоти кишоварзӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ, […]

Намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 то 24 декабри соли 2019 дар “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Дар ин намоишгоҳ ширкатҳои истеҳсолӣ ва фаъолони иқтисодии Эрон дар бахшҳои истеҳсолӣ, саноати хӯрокворӣ, беҳдошту дармон, мошинолоти кишоварзӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ, қолин ва таҷҳизоти манзил, сайёҳӣ ва ғайра ҳузур хоҳанд дошт.

Дар он илова бар намоиши маҳсулоти истеҳсоли Эрон, тоҷирон ва сармоягузорону ширкатҳои эронӣ ва тоҷикистонӣ фурсати муносиб барои гуфтугӯ ҷиҳати баррасии ҳамкориҳои тиҷоратӣ, истеҳсолӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузории муштарак хоҳанд дошт.

Охирин намоишгоҳи маҳсулоти эронӣ дар пойтахти Тоҷикистон моҳи майи соли 2017 баргузор шуда буд, ки дар он беш аз 20 ширкати эронӣ иштирок доштанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.