Дар шаҳри Хоруғ бинои нави Коллеҷи тиббиро ба истифода доданд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Бинои замонавии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббӣ» рӯзи 16-уми декабр дар шаҳри Хоруғ расман ифтитоҳ шуд.

Тавре Ғолиб Ниятбеков, сухангӯйи раиси ВМКБ ба “Азия-Плюс” хабар дод, ин бино аз 5 ошёна иборат буда, дорои тамоми шароити муосир мебошад.

“Дар дохили бино китобхона, толори варзишӣ, озмоишгоҳ ва синфхонаҳои кимиёву биология муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Коллеҷи тиббӣ дорои хобгоҳ барои 240 донишҷӯ буда, таҳсили донишҷӯён аз ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ дар он имконпазир аст”, – гуфт ӯ.

Ниятбеков афзуд, ки ифтитоҳи бинои мазкур бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ëдгор Файзов, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Шодихон Ҷамшед ва раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ сурат пазируфт.

Зимнан раиси вилоят Ëдгор Файзов тамоми кормандон ва шогирдони ин боргоҳро таҳният гуфта, ба фаъолияти минбаъдаи онҳо муваффақият таманно кардааст. Ҳамзамон Шодихон Ҷамшед иброз доштааст, ки то таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳри Хоруғ боз чандин биноҳои дигар қомат афрохта, симои онро куллан тағйир хоҳанд дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...