Аз оғози сол дар Душанбе 128 автобуси Akia васлу насб шудааст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Корхонаи тоҷикию-туркии Akia Avesto Automotive Industry соли равон 128 адад автобусҳоро васлу насб карда, ба фурӯш гузошт.

Тавре Вазорати саноат ва технолгияҳои нави ҶТ хабар медиҳад, моҳи ноябр 23 адад ва давоми 11 моҳи соли ҷорӣ 128 адад автобус васлу насб ва фурӯхта шудааст.

Гуфта мешавад,  аз оғози ба истифода додани корхона дар соли гузашта, дар маҷмӯъ 162 адад автобуси Akia истеҳсол ва ба истифода дода шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорат, айни замон арзиши як автобуси «Akia»-и васлу насби Тоҷикистон 132 ҳазор евро мебошад.

Дар бораи ба куҷову ба киҳо фурӯхта шудани мусофирбарҳо маълумот дода намешавад.

Ба ҷамъу васли онҳо дар Душанбе зиёда аз 40 нафар машғуланд. Дар назар аст, ки баъд аз пурра ба истифода додани корхона, шумори коргарон то 200 нафар меафзояд.

Ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия Akia Avesto Automotive Industry моҳи январи соли 2018 таъсис шудааст. Он мувофиқи созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон, ҶДММ “Авесто Групп” ва ширкати туркии Ulasim IC YE DIS TICARET Anonim Sirketi амал мекунад.

AKIA AVESTO нахустин ва ягона ширкат дар Тоҷикистон аст, ки мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ автобус истеҳсол мекунад.

Иқтидори корхона истеҳсоли 300 адад мусофирбар дар як сол мебошад. Ширкат 5 навъи автобусҳои дохилишаҳрӣ ва байнишаҳрӣ истеҳсол мекунад.

Қаблан шаҳрдории Душанбе хабар дода буд, ки то охири сол аз КМ "Akia Avesto Automotive Industry" 100 адад автобуси навъи «AKIA» мехарад.

Автобусҳои «AKIA» ба меъёрҳои байнулмилалии «Евро-5» мутобиқ буда, бо муҳаррикҳои ширкати маъруфи «Мерседес Бенс» ва ширкати олмонии «Zahnrad Fabrik» муҷаҳҳазанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...