КВД “Обу корези Душанбе”: Қубур таъмир шуда, сокинон дигар бе об намемонанд

Мушкилоти вобаста ба таъмини аҳолии шаҳри Душанбе бо оби ошомиданӣ, ки рӯзи 16-уми декабр ба вуҷуд омад, шоми гузашта пурра бартараф карда шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори Хадамоти танзимии КВД “Обу корези Душанбе” Саидҷон Ҳамидов хабар дод. Номбурда сабаби асосии бе об мондани як қисми аҳолии пойтахтро ҳолати фавқулода унвон карда, гуфт: “Дар […]

Мушкилоти вобаста ба таъмини аҳолии шаҳри Душанбе бо оби ошомиданӣ, ки рӯзи 16-уми декабр ба вуҷуд омад, шоми гузашта пурра бартараф карда шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори Хадамоти танзимии КВД “Обу корези Душанбе” Саидҷон Ҳамидов хабар дод.

Номбурда сабаби асосии бе об мондани як қисми аҳолии пойтахтро ҳолати фавқулода унвон карда, гуфт: “Дар муддати 2 рӯз шоҳқубуре, ки оби нӯшокӣ тавассути он ба чандин кӯчаҳои шаҳри Душанбе интиқол дода мешуд, иваз гардид. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки дигар чунин садама дар ин шоҳқубури таъмиршуда рух намедиҳад ва сокинони шаҳр бе об намемонанд”.

Ҳамидов илова кард, ки ин садама дар хиёбони Ҳофизи Шеърозӣ ва Карамова рух дода, шоҳқубури паҳноияш 1200 миллиметр кафидаву корношоям шудааст.

Қаблан ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати шаҳри Душанбе иттилоъ дода буданд, ки комиссияи махсус ба таҳқиқи сабабҳои рух додани садама дар шабакаи обтаъминкунӣ оғоз кардааст.

“Агар хунукназарии хадамоти марбутаи шаҳр ба ин ҳодиса боис шуда бошад, нисбат ба роҳбарони онҳо чораҳои қатъӣ – то аз мансаб барканор шудан андешида мешавад”, – таъкид дошт манбаъ дар шаҳрдории пойтахт.

Рӯзи душанбе, 16-уми декабр дар бораи рух додани ин садама ҳеҷ изҳороте садо надода буд. Аз ин рӯ, мардум дар тааҷҷуб буданд, ки чаро онҳоро аз қатъи оби нӯшокӣ огоҳ накарданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ одамон аз он шикоят доштанд, ки сокинони пойтахт бо об тариқи мошинҳои обкашонӣ таъмин нестанд. Дар як муддати кӯтоҳ рафи зарфҳои обдори мағозаҳо холӣ шуд. Мошинҳои обкаш низ барои таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ сафарбар нашуданд.

Айни замон интиқоли оби нӯшокӣ ба манзилҳои сокинони пойтахт барқарор шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.