Ҷавони солиме, ки худро маъюб вонамуду талбандагӣ мекард, 5 рӯз ҳабс шуд

Date:

Як ҷавони сокини шаҳри Ваҳдат, ки дар асл солим асту худро маъюб вонамуд мекард ва бо нишон додани ин ҳоли худ ба дилсӯзии мардум умед баста, дар маркази шаҳри Душанбе талбандагӣ мекард, боздошт шуд.

Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат Муборакшо Зиёев дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе ду адад асо (чигас) дар даст худро маъюб нишон дода, аз шаҳрвандону роҳгузарон талаби кумак мекардааст.

Ба иттилои манбаъ, зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки номбурда дар асл сиҳату саломат буда, танҳо барои маблағ ба ин кор машғул шудааст.

МЕДИА (YOUTUBE)

Бо қарори суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба номбурда барои ин амал санади дахлдор таҳия шуда, ба муҳлати 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҷазо таъин гардидааст

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...